Ҳушдори КҲФ: Рӯзҳои 2-4-уми август омадани селҳо дар назар аст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 2-4-уми моҳи августи соли 2022 дар ноҳияҳои куҳӣ ва наздикуҳии кишвар, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар назар аст.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш кардааст, ки эҳтиёткор бошанд ва сари вақт тадбирҳои бехтариву амниятӣ андешанд.

— Барои пешгирӣ аз паёмадҳои нохуши сел сари вақт ҷӯйборҳои назди ҳавлиҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то сел бе монеа гузарад ва вориди хонаҳо нашавад. Рафтан ба чорвочаронӣ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезуму алаф низ маслиҳат нест. Муваққатан худдорӣ кардан аз ин корҳо ба манфиат аст. КҲФ ба куҳгардону сайёҳон ва дӯстдорони сайру саёҳат дар куҳҳо тавсия медиҳад, ки ҳамеша қоидаҳои бехатариро рияо кунанд. Риояи фосила ҳангоми сафар мувофиқи мақсад ва гарави бехатарист,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *