“Ҷоми рушд-2020”-ро бо ғалаба оғоз кардем

Тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”-ро дар Минск (Беларус) бо ғалаба оғоз кард. Дар даври аввал шогирдони Аҳлиддин Турдиев бар тими наврасони Исландия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. Хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расониданд.

Бозии дигари гурӯҳи “В” миёни дастаҳои наврасони Исроил ва Гурҷистон мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм 21 январ бо Исроил вомехурад. Бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми рушд-2020 8 даста дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд, дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд. Ҳамчунин, бозиҳо барои ҷойҳои панҷуму ҳафтум низ сурат мегирад.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”

Гурӯҳи «В». 1-ум давр

Исландия (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 27 (0:1). Даниэл Деян Ҷурич, 50 – аз пеналтӣ (1:1). Сунатулло Азизов, 75 (1:2).

Исроил (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:1

Гурӯҳи «А». 1-ум давр

Белгия (U-17) – Финланд (U-17) – 2:1
Беларус (U-17) – Узбекистон (U-16) – 4:1

Бозиҳои баъдӣ:

2-юм давр
21 январ (сешанбе)
14:00 – Исроил – ТОҶИКИСТОН
16:10 – Гурҷистон – Исландия
18:20 – Белгия – Узбекистон
20:30 – Финланд – Беларус

3-юм давр

23 январ (панҷшанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Гурҷистон
16:10 – Исландия – Исроил
18:20 – Узбекистон – Финланд
20:30 – Беларус – Белгия

25 январ (шанбе)

Бозӣ барои ҷои 7-ум
12:00 – 4 «А» – 4 «В»

Бозӣ барои ҷои 5-ум
14:15 – 3 «А» – 3 «В»

Бозӣ барои ҷои 3-юм
16:30 – 2 «А» – 2 «В»

Финал

18:45 – 1 «А» – 1 «В»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *