10 -соли зиндони писари Гулмурод Ҳалимов

Додгоҳи шаҳри Душанбе Беҳрӯзи Гулмурод — писари Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирориро барои даҳ сол равонаи зиндон кард. Ӯ бо моддаҳои 32, қисми 1 — “тайёрӣ ба ҷиноят, сўиқасди ҷиноят” ва моддаи 401 қисми 1 — «зархаридӣ», айбдор мешавад.

Як манбаъ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе ба шарти набурдани номаш гуфтаст, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати писари Гулмурод Ҳалимов ҳудуди як моҳ қабл, содир шуда буд. Ин манбаъ афзуд, ки дар зарфи 10 рӯзи пас аз содир шудани ҳукми додгоҳ, наздикони Беҳрӯзи Гулмурод аризаи шикоятӣ пешниҳод накарданд ва ӯ дар авоили ҳамин ҳафта барои иҷрои давраи ҷазо, ба маҳбаси 3/2,»Кирпичний»-и ноҳияи Ваҳдат, интиқол дода шуд.Додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, мурофиаи ин парванда пӯшида сурат гирифт ва дар рӯзи эълони ҳукм наздикони Беҳрузи Гулмурод ширкат доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *