109 омӯзгори рус ба мактабҳои Тоҷикистон омаданд
Дар 27 мактаби Тоҷикистон 109 омӯзгор аз Русия ба фаъолият оғоз карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ хабар дод.
Омӯзгорон иштирокчиёни лоиҳаи байналмилалии «Муаллими рус дар хориҷа» буда, фанҳои биология, забон ва адабиёти рус, математика, химия, физика, информатика, география ва ҳамчунин синфҳои ибтидоиро дарс медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, имсол ба лоиҳа 27 мактаби давлатӣ ва хусусӣ дар 9 шаҳр ва 2 ноҳияи кишвар шомил шудаанд.
Тоҷикистон соли 2017 аввалин кишваре буд, ки ин лоиҳаи башардӯстонаи Русияро роҳандозӣ кард. Дар тӯли чанд сол он ба ҷузъи ҷудонашавандаи низоми маорифи ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. То соли 2023 дар мактабҳои Тоҷикистон 47 омӯзгори рус фаъолият мекарданд.
Лоиҳаро Вазорати маорифи Русия дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишварҳои шарик, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ мекунад.
Ба гуфтаи масъулон, дар Тоҷикистон ба таҳсилоти русӣ ва забони русӣ талабот зиёд аст. Айни ҳол дар донишгоҳҳои олии Русия зиёда аз 33 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд, ки омӯзиши забони русӣ бояд аз муассисаҳои томактабӣ оғоз шавад ва сатҳи касбии омӯзгорони ин самт баланд бардошта шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ