Соима Муҳаббатова

116,1 млн сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Соли 2022 ба оилаҳои камбизоати кишвар 116,1 млн сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2021-ум 11 млн сомонӣ зиёд будааст.

Дар ин бора Соима Муҳаббатова — сардори шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар маҳфили навбати «Тавозун», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, қайд намуд.

Соима Муҳаббатова гуфт, ки «кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат сол ба сол афзоиш меёбад ва дар соли 2023-юм 154,2 млн сомонӣ кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудааст».

Номбурда афзуд, ки барои оилаҳои камбизоат дар соли 2024-ум 279,8 млн ва дар соли 2025-ум 291,9 млн сомонӣ кумакпулӣ ба нақша гирифта шудааст. Агар чунин сурат гирад, маблағи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар соли 2025 нисбати соли 2022 наздики ду баробар афзоиш меёбад.

Дар раванди маҳфил Моҳтоббӣ Одиназода — муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оид ба маблағгузории кумакҳои якдафъаинаи иҷтимоӣ ба аҳолӣ иттилоъ дод, ки соли 2022 ба аҳолӣ дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, «кумакпулии яквақтаинаи иҷтимоиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дар соли 2022-юм 39 ҳазору 850 оила ба маблағи 19 млн 925 ҳазор сомонӣ дастрас мекунанд, ки то ба ҳол пардохти он идома дорад».

Ҳаҷми кумакпулӣ аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад ва барои ҳар оила 8 нишондиҳанда — ду нишондиҳанда барои ҳар семоҳа муайян карда шудааст.

Мувофиқи Қонун «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ муайян гардидааст. Ин дар ҳолест, ки як нишондиҳанда соли 2021-ум 60 сомонӣ ва соли 2022-юм 64 сомонӣ буд. Аз ин ҳисоб маблағи кумакпулӣ низ зиёд мегардад.

Кумакпулии яквақтаинаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 600 сомониро, ки тибқи қарори ҳукумат аз 9-уми декабри соли 2022, №597 тасдиқ гардид, ҳамагӣ 192 ҳазору 938 оила бо маблағи 115 млн 762 ҳазору 800 сомонӣ дастрас мекунанд.

Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар кишвар беш аз 220 ҳазор оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд.

Ин ҳадаф дар заминаи татбиқи «Стратегияи милли рушди ҶТ барои давраи то соли 2030” амалӣ мегардад. «Стратегияи милли рушди ҶТ барои давраи то соли 2030” аз марҳилаи кӯтоҳмуддат иборат аст.

Фарида Муминова — номзади илмҳои иқтисодӣ ва корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ин стратегияро «ҳадафи стратегии кишвар баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ» номид.

Таъмини суръатҳои баланди рушди иқтисод бо баланд намудани некӯаҳволӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ натиҷаи чашмдошт дар ин самт хоҳад буд, ки Фарида Муминова қайд намуд.

«Дар марҳилаи дарозмуддат дар назди кишвар се вазифаи асосӣ меистад:

— ноил шудан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои сегменти миёна бо даромади миёнаи муқоисашаванда;

— таъмин намудани рушди устувор ба воситаи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;

— вусъатдиҳӣ ва таҳким бахшидани табақаи миёна”,- гуфт Фарида Муминова.

Мавзуи «Механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар доираи маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун» баргузор гардид.

Маҳфили “Тавозун” бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома», дар доираи лоиҳаи “Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ” бо дастгирӣ ва маблағгузории ACTED амалӣ мешавад.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *