16 барканорӣ, 4 000 ҷойи кор, 104 расонаифаъол… Дар нишасти матбуотии 21 июл чӣ гуфтанд?

Вазорати фарҳанг хостори танзими фаъолияти блогерон шуд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кард, ки барои танзими фаъолияти блогерон ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид карда шавад. Дар ин бора масъулини вазорат зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, аксари блогерони тоҷик меъёри забони давлатиро риоя намекунанд ва аз ҷиҳати касбӣ омода нестанд. Муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода изҳор дошт, ки бархе аз онҳо аз доираи ахлоқу одоби муошират берун мешаванд.

Вазорат пешниҳод кардааст, ки банди ҷудогона дар қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» ва Кодекси нав дар бораи ВАО ворид шавад, ки фаъолияти блогеронро танзим намояд. Масъулин мегӯянд, ин кор бояд якҷо  бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли фарҳанг ва сохторҳои дигар анҷом дода шавад.

Дар Тоҷикистон 104 ширкати телевизиону радио фаъолият мекунад

Ҳоло дар Тоҷикистон  104 ширкати телевизионӣ ва радиоӣ расман фаъолият доранд. Дар ин бора Носир Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, шумораи воситаҳои пахши барномаҳо чунин аст:

  • 15 телевизиони давлатӣ ва 17 телевизиони хусусӣ;
  • 10 радиои давлатӣ ва 24 радиои хусусӣ;
  • 17 шабакаи телевизионии кабелӣ ва 5 шабака бо технологияи IP;
  • 16 студияи истеҳсоли маводҳои аудиовизуалӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ин омор бозгӯи афзоиши фазои иттилоотӣ ва рақобат дар бозори ВАО-и кишвар арзёбӣ мешавад.

Дар мақомоти давлатии Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор ҷойи корӣ холист

Дар шаш моҳи аввали соли 2025, дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон 4102 ҷойи корӣ холӣ боқӣ мондааст. Дар ин бора Илёс Идрисзода, директори Агентии хизмати давлатӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, то 1-уми июли соли ҷорӣ, дар мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот 22 ҳазору 711 воҳиди корӣ вуҷуд доштааст, ки танҳо 18 ҳазору 609 нафар бо кор таъин шудаанд.

Ҳисоб нишон медиҳад, ки ба ҳар як мансаби холии давлатӣ танҳо 0,6 довталаб рост меояд, ки ин аз камбуди ҷиддии кадрҳо дар сохторҳои давлатӣ дарак медиҳад.

Намояндаи Агентии хизмати давлатӣ гуфт, ҷалби мутахассисони ҷавон ва боло бурдани ҷаззобияти хизмати давлатӣ аз самтҳои муҳими корбарӣ боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *