17 гусфанду як гӯсола дар БМВ

Гумонбарон ба истифода аз сабукрави тамғаи BMW, ки ба Бобирхон Умурзоқов тааллуқ доштааст, дар чор ҳолат дар ҳудуди шаҳраки Адрасмон 17 сар гусфандро бор карда рабурдаанд.

Раёсати Вазорат корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз боздошти се ҷавон бо ҷурми дуздӣ хабар медиҳад.

Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД дар вилояти Суғд,чӣ тавр сурат гирифтани ин дуздиро гуфтааст:”Дӯздиҳо бо маслиҳати пешакӣ содир шуда асосан сокинони чорводори шаҳраки Адрасмон зарар дидаанд. Чорво шабонгоҳ аз дохили оғилхона рабуда шудааст. Тафтишот маълум намудааст, ки дуздиҳо бо саҳми сокини Адрасман Руслан Эргашев сурат гирифтааст. Ӯ дар бораи макони ҷойгиршавии оғили чорвои сокинон маълумот дода, ҳаммаслакони чапдасташро ба дуздӣ сафарбар кардааст.Гумонбарон ба истифода аз сабукрави тамғаи BMW, ки ба Бобирхон Умурзоқов тааллуқ доштааст, дар чор ҳолат дар ҳудуди шаҳраки Адрасмон 17 сар гусфандро бор карда рабурдаанд.
Руслан Эргашев, Бобирхон Умурзоқов ва Хушбахт Шерализода ба маслиҳати ҳам як сар гусоларо, ки ба сокини ин ноҳия таалуқ дошта, арзишаш 4500 сомонӣ гуфта мешавад тасарруф намудаанд.
Дар пайи чорабиниҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ, ҳаракатҳои ба ҷомеа хавфнок, яъне дуздии чорво аз манзили истиқоматиро кормандони шуъбаи милисаи шаҳракаи Адрасмони шаҳри Гулистон ошкор намуданд.
Кормандони милиса 7 сар гусфанди тасарруфшударо ба соҳибонашон баргардониданд.
Зимнан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ) и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, гумонбарон Руслан Эргашев, сокини шаҳраки Адрасмон, Бобирхон Умурзоқов ва Хушбахт Шерализода ҳарду сокинони ноҳияи Б. Ғафуров ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *