19 милллион доллар барои созишномаҳои ҳамкорӣ дар доираи Форуми “Бохтар Фуд 2022”

Дар Форуми байналмилалии содиротии “Бохтар Фуд 2022”, ки дар вилояти Хатлон баргузор гашт, зиёда аз 200 нафар роҳбарону масъулини мақомоти давлатии соҳавӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, роҳбарон ва аъзои ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ қайд кард, ки бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагон коркард ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, мусоидат ба афзоиши содирот маротибаи дуюм аст, ки форуми байналмилалии содиротии “Бохтар Фуд-2022” дар вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Ҳамчунин, номбурда илова кард, ки нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 20,7 миллиард сомонӣ баробар буда, дар ҳамаи бахшҳо дар вилоят зиёда 1 миллион тонна ғалладонагиҳо, наздики 2060 миллион тона сабзавот, 645 000 тонна полезӣ, 214 000 тонна картошка, 270 000 тонна пахта, 216 000 тонна меваҷот ва 108 000 тонна ангур истеҳсол шудааст.

Дар доираи форуми мазкур як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи 19 миллион доллар ба нақша гиирифта шуд, ки он ба содироти маҳсулоти ватанӣ ва баромадан ба бозорҳои нави фурӯши маҳсулот мусоидат мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.