23-юми март — моҳи Рамазон. Нархҳо боло мераванд?

Дар ҷаласаи Шӯрои уламои ҷумҳурӣ он оғози моҳи шарифи Рамазон санаи 23-юми март муқаррар гардид.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ хабар дод, ки мувофиқи далелҳои шаръиву илмӣ моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 23-юми март фаро мерасад.

Инчунин, фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 32 ҳазор сомонӣ, ки аз ин маблағ 800 сомонӣ закот пардохта мешавад ва фидяи рӯза барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.

Дар пайи саршавии моҳи Рамазон ҳар сол соҳибкорону тоҷирон худсарона нархҳо, хусусан нархҳои маводи озуқавориро боло мебардоранд. Хусусан соли гузашта сокинони ҷумҳурӣ аз якбора баланд рафтани нархҳои гӯшт, тухм ва равған изҳори нигаронӣ карда буданд. Ҳоло нархҳо дар ҷояш аст.  Мақомот чӣ чораҳои пешакӣ меандешанд, ҳоло иттилое нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *