3500 оилаи Бохтар соҳиби оби тоза шуданд. Посухи сокинон ба саволи Синди Маккейн чӣ буд?

Аз соли 1992 то ҳол Ҳукумати Амрико 130 миллион доллар ба кишоварзони Тоҷикистон барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини рӯзгори коргарон дар бахши кишоварзӣ кумак кардааст.

Гуруҳе аз рӯзноманигорон якҷо бо хонум Синди Маккейн, Сафири ИМА дар оҷонсиҳои озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Рум аз ноҳияҳои Хатлон, ки солҳо инҷониб аз набудани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд ва имрӯз бо кумаки Амрико соҳиби оби тоза шуданд, дидан намуданд.

Тавре мушоҳида гардид, дар минтақаи Чорбоғи шаҳри Бохтар 3500 хонавода соҳиби обӣ нӯшокӣ гардиданд. Ҳамчунин, рӯзноманигорон аз навоҳии Леваканд ва Кӯшониён дидан намуданд.

Синди Маккейн баъд аз суҳбат бо сокинон пурсид, ки “баъди таъмини мардум бо оби нӯшокӣ дар зиндагӣ чӣ тағйирот ворид шуд?”.

Шаҳло Субҳонова, яке аз сокинони минтақаи Чорбоғи шаҳри Бохтар мегӯяд, ки «бо оби нӯшокӣ таъмин гардидани сокинон бо дастгирии лоиҳаи Usaid амалӣ шуд. Мақсад аз ташкили ин лоиҳа оқилона зиндагӣ кардани мардуми деҳот ва сарфакорона истифода бурдани обӣ нӯшокӣ аст. Бо ин мақсад дар деҳа бо занон ва мардон машваратҳо гузаронида шуд. То имрӯз сокинони аҳолии деҳот  аз оби нӯшокӣ зиёд танқисӣ мекашиданд. Гарчанде аз деҳа канали оби нӯшокӣ мегузарад, аммо ба талабот ҷавобгӯ нест. Маҳз бо дастгирии лоиҳаи Usaid ҳар як хоҷагӣ бо оби нӯшокии тоза таъмин гардид».         

                                            

Аслан, то ин замон набудани об барои занҳо мушкилоти аввалиндараҷа буд. Онҳо маҷбур буданд, ки аз масофаи дур обро биёранд. Ҳатто, то ин дам дар баъзе кӯчаҳои манотиқи Хатлон қубурҳои обтозакунӣ набуд. Хушбахтона, имрӯз ин муамммо ҳалли худро пайдо кард.

Дар охир сокинони аҳолии таъмин бо оби нӯшокӣ миннатдории худро ба хонум Синди Маккейн, Сафири ИМА дар оҷонсиҳои озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Рум расониданд.    

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА         

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *