Ҳиндустон ҳамкориро густариш доданист

Аз 15 то 17- уми ноябри соли равон дар Мењмонхонаи «Њаят Рељенси»- и пойтахт вохўрии њайати тиљоратии Њиндустон бо соњибкорони тољик баргузор шуд. Зимни ифтитоњи Форуми соњибкорони Тољикистону Њиндустон Сафири фавќулодда ва мухтори Љумњурии Њиндустон дар Љумњурии Тољикистон Сомнат Гњош иброз дошт, ки агар соли 2015 њаљми робитањои тиљоратии ду кишвари дўст 22 миллион долларро ташкил дода бошад, соли 2016 ин раќам ба 42  миллион доллар расид. Аммо дар муќоиса бо захираю имкониятњои мављуда ин раќам њанўз кам аст. Зеро ду кишвари дўст метавонанд њаљми табодули молро чанд маротиба бештар кунанд.

— Яке аз сабабњои асосии кам будани  нишондоди робитањои тиљоратии Њиндустону Тољикистон набудани роњи мустаќим аст, — гуфт Сомнат Гњош. — Бо маќсади рањої аз бунбасти  коммуникатсионї Њиндустон тасмим гирифтааст, ки робита бо  кишварњои Осиёи  Марказиро тавассути бандари Чобањори Эрон вусъат бахшад.

Бо ин маќсад Њукумати Њиндустон барои сохтмони роњи  оњан аз Чобањор то сарњади Эрону Афѓонистон маблаѓ људо намуд. Дар баробари роњи заминї мо маќсад дорем, ки теъдоди хатсайрњои њавоиро миёни Њиндустону Тољикистон зиёд намоем.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Тољикистон Манзура Рустамова  иброз дошт, ки муносибатњои миёни Тољикистону Њиндустонро 50 санади байнидавлатї ба танзим медарорад. Њар ду кишвар  метавонанд дар бахшњои гидроэнергетика, саноати кўњї, коркарди сангњои ќиматбањо, металњои ранга, саноати сабук, тухмипарварї, коркарди мањсулоти кишоварзї, дорусозї, туризм ва ѓайра њамкорињои самарабахшро ба роњ монанд. Дар Тољикистон барои рушди соњибкорї фазои мусоид эљод шуда, ба сармоягузорон як ќатор  имтиёзот дода шудааст.

Намояндаи Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон Шоњин Сўфиев дар бораи  минтаќањои озоди иќтисодии Тољикистон ба њозирин маълумот дод.

Сарвари њайати намояндагони соњибкорони Њиндустон Амит Ранљан иброз дошт, ки Њиндустон дар  15 соли охир дар самти рушди технологияи љадид ба дастовардњои бузург ноил гаштааст.

— Мо аз ин мулоќот њамкорињои навро бо њамтоёни тољикамон умед дорем, — гуфт Амит Ранљан. — Алалхусус дар самти дорусозї ва туризми муолиљавї захираю имкониятњои њамкорї зиёд аст. Боварї дорам, ки ин мулоќот бањри њамкорї идеяњои навро ба миён хоњад овард. Мо хоњони вусъати њамкорї бо Тољикистон њастем.

 

С. СУННАТЇ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *