Худкушӣ дар лаби дарё

 

Ин  акси ба дор овезон ҷавонест, ки рӯзи 27 декабр худро дар девори бетонии лаби дарёи Душанбе ба дор кашида, худкушӣ кард. Исми ин марди ҷавонмарг ҳанӯз эълон нашудаанд, вале бархе манобеъ мегӯянд, ки ӯ қарздор буд ва ба ҳамин далел даст ба ҷони худ задааст.

Ҷасади ӯро нимаи аввали рӯзи чоршанбе, баъди тақрибан як соати худкушиаш дар лаби дарёи Душанбе пайдо карданд. Ин ҷавон, ки тақрибан 25-26 сола ба назар мерасад, банди дорро дар яке аз ҳалқаҳои оҳанини девори бетонии лаби дарё сахт карда, сипас худро овехтааст.

Исми ин марди ҷавонмарг ҳанӯз эълон нашудааст. Мақомот сабабҳои даст ба ҷонаш задани ин марди ҷавонро низ ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Вале бархе манобеъ мегӯянд, ки ин ҷавон қарздор буд ва ҳамин бори гарони қарз сабаби буридани риштаи зиндагиаш дар чунин синни ҷавонӣ шудааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафар даст ба худкушӣ мезананд. Бино ба омори расмӣ, соли 2014 дар Тоҷикистон 550 нафар ва дар соли 2015 624 нафар қасди ҷони худ кардаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 327 мавриди худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт шудааст. Аз ин шумор 159 нафараш мардон, 168 нафар занон ва 55 тани дигар ноболиғон будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *