6 барномаи навраси тоҷик дар Play Market

Иқбол ҳамагӣ 16 сол дорад, вале аллакай барномасози ҳирфаӣ аст ва 6 барномаи ӯ дар Play Market дастрас мебошад. Ӯ аз синни 11-солагӣ ба барномасозӣ шуруъ кардааст.

Барномасозӣ шуғли муосир ва сердаромад аст. Вале ҷавонони тоҷик ба ин пеша камтар таваҷҷуҳ доранд. Ҳол он ки, феълан дар тамоми соҳаҳо ба ин шуғл талабгоранд.

Иқбол Темирхоҷаев, навраси тоҷик яке аз он нафаронест, ки аз кӯдакӣ машғули барномасозӣ мебошад.

Иқбол барои системаи Android барнома месозад ва айни ҳол 6 барномаи сохтаашро дар Play Market ҷой додааст. Аз ҷумла, «Қонуни маориф», «Ҷаҳони бофаросат», «NUN.tj», «Dono», «ТехноЗнаток» ва «Парчам». Ин барномаҳоро беш аз 8 ҳазор кас боргирӣ кардаанд.

— Яке аз барномаҳое, ки аз ҳама зиёд боргирӣ шудааст, ин «Қонуни маориф» мебошад, ки беш аз 5 ҳазор муаллим онро истифода мебаранд,- мегӯяд Иқбол.

Лоиҳаи дигари Иқбол «Dono» номгузорӣ шуда, барои забономӯзӣ пешбинӣ гардидааст. Иқбол ин барномаро дар ҳамоиши байналмилалии EMERGE — INTERNATIONAL TECH CONFERENCE дар шаҳри Минск муаррифӣ намуда буд.

Феълан Иқбол хонандаи синфи 10-уми мактаби хусусии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд мебошад ва дар оянда нақшаҳои зиёд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *