6 тоҷикистонӣ ба гумони қатли варзишгари рус боздошт шуданд

Додгоҳи Чертановскии Маскав шаш тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев, варзишгари рус ба 2 моҳ боздошт маҳкум кард.

Додгоҳи Чертановскии Маскав шаш тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев, варзишгари рус ба 2 моҳ боздошт маҳкум кард.

Бар асоси қарори додгоҳ ин афрод ба гумони содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаи 105, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне, “Қатл бо ширкати гурӯҳи одамон” ва моддаи 213-“Авбошӣ”  то 8 августи соли ҷорӣ дар СИЗО ё боздоштгоҳ нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.

Додгоҳ номи ин ашхосро низ эълом кард. Рустам Аминов, Меҳроҷ Аловиддинзода, Фаридун Сафаров, Неъмат Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Фирӯз Сафаров-ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, шаби 8 июн шаҳрвандони аз 24 то 29-солаи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли гӯштингир Сергей Чуев дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, Чуев бо як гуруҳи ҷавонони қиёфаашон осиёӣ барои ба як зани гӯё ҳомила гап партофтани онҳо вориди муноқиша шудааст ва ҷавонон варзишгарро ба кӯл партофтаанд.

Сергей Чуев зоҳиран дар зери об дамгир шудааст, чунки вақте вайро берун оварданд, алакай нафас намекашид.

Дар бархе аз сомонаҳои Русия, аз ҷумла, “Московская газета” акси боздоштшудаҳои тоҷик бо либосҳои дарида ва бараҳнаро чоп карданд, боиси хашму ғазаби корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон шуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ боздошти шаҳрвандони тоҷик ба гумони даст доштан дар қатл ва таҳқири ошкори ин афрод аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русияро “бархурди ғайриинсонии мақомоти рус нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон” унвон кардаанд.

Корбарони шабакаҳо ин амалро “таҳқири ошкори миллати тоҷик” хонданд, зеро “шарафу номуси шаҳрванд дахлнопазир аст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Featured Video Play Icon
حضور رئیس جمهور ترکیه در جشن عروسی (ویدیو)
-->

Ба боло