600 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Корея даъват шудаанд
Агентии таъмин бо кор дар хориҷи кишвар хабар медиҳад, ки 600 шаҳрванди Тоҷикистон имсол барои кор ба Ҷумҳурии Корея фиристода мешаванд. Онҳо дар бахшҳои сохтмон, истеҳсолот, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо фаъолият хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, довталабон бояд аз 18 то 39-сола бошанд, забони кореягиро дар сатҳи муошират донанд.
Инчунин, довталаб набояд доғи судӣ дошта бошад ва бояд аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ комилан солим бошад.
Маош вобаста ба навъи кор ва тахассус метавонад то ба 4 ҳазор доллар дар як моҳ расад. Масалан, музди меҳнати мутахассисони соҳаи кафшергарӣ назар ба дигар касбҳо бештар аст ва метавонад ба сатҳи баланд бирасад.
Агентӣ мегӯяд, барои интихоби довталабон санҷиши забонӣ, тиббӣ ва шиносоӣ бо шароити корӣ гузаронида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ