9+1. Нишасти нуҳ вазиру як муовин дар Душанбе

Тавре сардори дафтари матбуоти ВКХ Шоҳин Самадӣ ба Pressa.tj  хабар дод, фардо (12.05.2022) мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи ҶТ бо Лебедева Сергея Николаевича, котиби иҷроияи ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Тарафҳо атрофи масъалаҳои минтақа ва ҳамкориҳои Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ музокира хоҳанд кард.

Лебедева Сергея Николаев 9-уми апрели соли 1948 дар Ҷизахи Ӯзбекистон ба дунё омада, 11-уми октябри соли 2019 бори дигар ба ин вазифа интихоб гардидааст. Дар ин вазифа ӯ то 22-юми декабри соли 2022 хоҳад монд.

Ин мулоқот дар арафаи нишасти баҳории вазирони корҳои хориҷӣ, ки таърихи 13-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми май вазирони корҳои хориҷии 10 кишвар дар Душанбе ҷамъ меоянд. Тавре Precca.tj хабар ёфт, дар он 9 вазир ва як муовини вазир (Туркманистон) мулоқот меороянд. Вазири умури хориҷии Украина дар он иштирок намекунад.

Музокирот асосан астрофи барномаи қаблан тарҳрезишуда сурат мегирад.

Ёдрас мешавем, ки мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин 10-уми май бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) хонум Армида Салсия баргузор гардида буд. Зимни мулоқот мусоҳибон атрофи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои самаранок доир ба рушди савдои минтақавӣ, энергетика, нақлиёт ва ҳифзи пиряхҳо табодули назар карданд.

Ҷонибҳо инчунин ҷузъиёти баргузории иҷлосияи 78-уми UNESCAP (23-27-уми майи соли 2022, шаҳри Бангкок)-ро ба баррасӣ гирифтанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.