Модаре, ки тифлашро мезад, муҷозот шуд

Зани тоҷикеро, ки навори задани кӯдакаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд, ҷазо додаанд.

Ин зан Холиса Шоева ном дошта, ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ба муҳлати як солу ду моҳи зиндон маҳкум шудааст. Ин ҳукмро рӯзи 20-уми июн Суди ноҳияи Данғара баровардааст.

Худи маҳкумшуда аз ин ҳукм розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят бурдан мехоҳад, вале имкони онро надорад.

«Ба киро кардани адвокат зӯрам намерасад. Ҳоло дар фикри ёфтани маблағи ҷарима ҳастам, то фарзандам азоби бемодарӣ накашад»,- гуфтааст ӯ.

Навори задани кӯдаки дусола аз тарафи модараш моҳи апрели имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, баъзе аз корбарон хостанд, ки ба ин зан ҷазо дода шавад, то аз ин ҷиноят пешгирӣ шавад.

Холиса Шоева сабаби задани кӯдакашро «вақте кӯдак ғам дод, асабам вайрон буд, задам» гуфта шарҳ додааст. Аммо Прокуратураи генералӣ изҳор доштааст, ки Шоева бо мақсади интиқомгирӣ аз ҳамсари собиқаш Сайфиддин Алиев, фарзанди хурдсоли худро намоишкорона задааст.

Сайфиддин Алиев, ҳамсари собиқи Х. Шоева аз ҳукми суд розӣ аст.

Х. Шоева ва С. Алиев чанд сол пеш издивоҷ кардаанд ва ин духтарчаи дусола ягона тифли онҳост, ки зери тарбияи модараш будааст. Зану шавҳар як сол пеш, баъди таваллуди фарзанд аз ҳам ҷудо шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *