Абдуллозода бо ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург мулоқот кард

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Олег Эргашев Николаевич мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам намуда, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дусту бародар — Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар навбати худ ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев Николаевич қайд намуд, ки ӯ бо як қатор кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳри мазкур ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ки онҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ доир ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, хосатан пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат табодули таҷриба менамоянд.

— Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои вазорат бо муассисаҳои тандурустии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мубодилаи афкор намуданд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.