Афзоиши содироти маҳсулот аз Суғд ба Қирғизистон пас аз боз шудани сарҳад
Пас аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ, содироти маҳсулот аз вилояти Суғд ба Қирғизистон афзоиш ёфтааст.
Бино ба иттилои мақомоти омор дар вилояти Суғд, давоми моҳҳои январ – марти соли равон ҳаҷми гардиши савдо байни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон 459,7 ҳазор долларро ташкил додааст. Ин нишондод то боз шудани сарҳад ба сифр баробар буд.
Аз ҳаҷми умумии молу маҳсулоти ба Ҷумҳурии Қирғизистон содиротшуда 52 тонна пиёз, 22 тонна меваи хушк ва 22 тонна симҳои алюминий мебошад.
Ин нишондиҳанда низ дар семоҳаи аввали соли гузашта ба сифр баробар буд.
Интизор меравад, ки баъди боз шудани сарҳадҳо байни ду кишвар, воридоту содироти молу маҳсулоти гуногун боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Бояд гуфт, ки 13-уми марти соли равон бо ташаббуси сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров рафтуомади сокинон ва нақлиёти сабукраву боркашон байни Тоҷикистону Қирғизистон дубора имконпазир шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ