Аксҳои нодири Нусратулло Махсум

Чанд рӯз қабл аз архиви аксбардори маъруфи олмонӣ-амрикоӣ Лотте Якоби, ки дар асри ХХ ҳамчун яке аз чеҳраҳои беназири санъати суратгирӣ шинохта шудааст, аксҳои нодири ду чеҳраҳои сиёсӣ – Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум ба дастамон расид, ки то имрӯз дар ҷое нашр нашудаанд. Лотте Якоби суратгирест, ки чеҳраҳои маъруфе чун Алберт Эйнштейн, Томас Манн, Марлен Дитрих, Бертолд Брехт ва дигаронро аксбардорӣ кардааст…

Дар бораи Лотте Якоби нахуст корбари шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” Маъруф Бахтиёрзода бо нашри чанд акси ходими давлативу сиёсӣ – Абдураҳим Ҳоҷибоев ва хонаводаи ӯ хабар дод. Пас аз ин банда чанд рӯз ба омӯзиши рӯзгори Лотте Якоби ва корҳои ӯ машғул шудам.

Лотте Якоби (Lotte Jacobi, тав. 1896 – ваф. 1990) – яке аз маъруфтарин ва бонуфузтарин суратгирони асри ХХ буд, ки бо шеваи классикии сиёҳу сафед аксбардорӣ мекард. 

Лотте Якоби

Лотте дар Берлин дар соҳаи синамо ва суратгирӣ таҳсил кард ва аз соли 1920 ба фаъолияти касбӣ оғоз намуд. Ӯ дар солҳои 1920-1930 аллакай шахсиятҳои маъруфи замонашро, ки дар боло номбар кардем, аксбардорӣ мекард ва шуҳрат ба даст оварда буд.

Баъди ба қудрат расидани миллатгароён дар Олмон дар соли 1933, Лотте бо сабаби насаби яҳудӣ доштанаш ин кишварро тарк кард ва аввал дар Бритониё зиндагӣ карда, сипас соли 1935 ба ИМА кӯчид. Дар ИМА ӯ то охири умр ба шуғли хеш идома дод ва яке аз чеҳраҳои матраҳи санъати суратгирӣ буд.

Нусратулло Махсум
Роҳбари Тоҷикистон рафиқ Махсум дар миёни мардум, Саталинобод,26 октябр-3 декабри 1932
Нусратулло Махсум дар назди кормандони фабрикаи нассоҷӣ,26 октябр-3 декабри 1932

Солҳои 1932-1933 Лотте Якоби ба Осиёи Марказӣ сафар кард ва аз шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ва Сталинобод (Душанбе)-и имрӯза боздид намуда, мардуми маҳаллӣ, санъаткорон, ҳунармандон ва занону кӯдаконро аксбардорӣ намуд. Ин аксҳо баёнгари як давраи муҳими таърихи Осиёи Миёна ҳастанд, ки ба омӯзишу пажӯҳиш ниёз доранд.

Ҳамсари Нусратулло Махсум, ки Лоте Якоби ӯро ҳамчун “Мисис Махсум” муаррифӣ кардааст
Духтарони Нусратулло Махсум

Дар ин сафар Лотте Якоби бо ду роҳбари вақти Тоҷикистон – раиси  Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва раиси Шӯрои Нозирони Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев робита барқарор карда, онҳову хонаводаҳояшонро аксбардорӣ мекунад. Аксари ин аксҳо то ба имрӯз дар ҷое нашр нашудаанд.

Лотте Якоби тамоми архивашро, ки иборат аз 47 ҳазор акс, ҳуҷҷат, рӯзнома, мактубҳо ва дафтари қайдҳо аст, ба Донишгоҳи Ню-Гэмпшир дар Дарем (иолоти Ню-Гэмпшири ИМА) эҳдо мекунад.  Феълан ин архив дар Фонди вежаи ба номи Лотте Якоби дар ин донишгоҳ нигаҳдорӣ мешавад.

Дар ин сафҳа мо ба шумо чанд акси Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва хонаводаи ӯро манзур мегардонем.

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *