Ҳалимов душмани ИМА, 3 миллион барои дарёфти ӯ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ёфтани маҳалли будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар ваъда кардааст.

Ин нуктаро Курт Райз, ёвари котиби давлатии Амрико оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳо, рӯзи 30-юми август дар як нишасти матбуотии телефонӣ аз Вашингтон баён кард. Ӯ гуфт, «мукофот дар ҳаҷми то 3 миллион доллар барои маълумот дар бораи макони будубош, дастгир ё маҳкум кардани Гулмурод Ҳалимов дар чорчӯби Барномаи «Мукофот барои адлия» рӯи даст гирифта шудааст. Афроди огоҳ ҳамагуна хабарҳои худро дар ин замина метавонанд, ба наздиктарин сафорати Иёлоти Муттаҳида ва ё адреси имейли сохторҳои дипломатии Амрико фиристанд.» Райз афзуд, собиқ полковники нирӯҳои таъиноти махсуси ВКД «снайпери низомӣ буд ва дар солҳои 2003-2014 дар давраҳои омӯзишӣ дар мубориза алайҳи тероризм, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ шудаанд, иштирок кардааст. Ҳадаф аз ин давраҳо, омӯзондани мақомоти амнияту корҳои дохилии давлатҳои шарик ҷиҳати ҷилавгирӣ ва фош кардану омода будан ба ҳамлаи террористӣ буд.» Ба таъкиди ёвари котиби давлатии Амрико, вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Гулмурод Ҳалимовро ҳамчун террористи байналмилалии дараҷаи махсус муайян карда, Кумита оид ба масоили ДИИШ ва Ал-Қоидаи назди Шӯрои амнияти СММ нисбат ба ӯ таҳрим ҷорӣ кардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вижагиҳо, Курт Райз таъкид кард, ки “Гулмурод Ҳалимов воқеан барои ИМА ва ҳамин тавр Тоҷикистон хатар дорад. Чун зимни ширкат дар давраҳои омӯзишӣ аз усулу шеваҳои мубориза бо тероризм бархурдор гардидааст ва метавонад таҷриӣбаи омӯхтаашро амалӣ намояд”.Ӯ дар посух ба суоли он ки чаро ҳукумати Амрико пас аз ҳудуди 1,5 соли пайвастани Гулмурод Ҳалимов чунин иқдомро пеш гирифт, гуфт, “барои мо ин муҳлат, яъне 1,5 сол зарур буд, то тамоми ҷанбаҳоро омӯхта ва ҳаҷми маблағи мукофотро муайян кунем. Зеро мақсад танҳо гирифтани маълумот дар бораи макони будубоши Гулмурод Ҳалимов, террористи хатарноки ДИИШ аст.»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *