Амонатбонк: Форуми саводнокии молиявӣ дар шаҳри Норак
30 апрели соли 2025 дар шаҳри Норак бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва бо иштироки фаъолонаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ Фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ дар Қасри фарҳанг ва майдони марказии шаҳр доир шуда, ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявию рақамӣ ва густариши дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ равона шуда буд.
Фестивал дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026” баргузор гардида, ҳадафи асосии он таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба маълумоти муфид оид ба маҳсулоти молиявӣ, хизматрасониҳои бонкӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад.



Дар ин чорабинӣ Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — Амонатбонк” низ фаъолона иштирок намуд.
Кормандони бонк ба иштирокдорон маҳсулоти гуногуни бонкӣ, аз ҷумла воситаҳои пардохти ғайринақдӣ, барномаи “Амонат-мобайл”, кортҳои пардохтӣ, “Интернет-банкинг”, намудҳои қарз ва пасандозҳоро муаррифӣ карданд.
Ҳамчунин, бо мақсади ташвиқи истифодаи васеи хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон, туҳфаҳои брендии Амонатбонк ба меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал тақдим карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ