“Андархон” — бозори байнисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сохтмони бозори байнисарҳадии “Андархон” санги асос гузошта шуд. Ин бозор барои рушди тиҷорати минбаъдаи ду кишвар замина мегузорад ва тоҷирони тоҷику ӯзбек маҳсулоти худро ба осонӣ хариду фурӯш мекунанд.

Музаффар Юнусов — сухангӯи раиси вилояти Суғд мегӯяд, ки 13-уми март намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода — раиси вилояти Суғд ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” иштирок намудаанд.

Ба гуфти манбаъ, ин бозор аз ҷониби Ӯзбекистон дар марзи ду кишвар бунёд мешавад ва маблағи сохтмони он 8 млн доллар мебошад.

“Бозори байнисарҳадии “Андархон” дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд”,- гуфт ӯ.

Юнусов афзуд, ки бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *