Патент барои 3 сол. Мақомоти Русия пешниҳоди Титовро қабул мекунад?

— ВКД Русия бо пешниҳоди ваколатдори назди президенти Русия оид ба масоили ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон Борис Титов дар мавриди дароз кардани муҳлати амали патенти корӣ барои муҳоҷирон то 3 сол розӣ шуд,- хабар медиҳад «Интерфакс».

Вазорати корҳои дохилӣ омода аст, ки муҳлати додани патентро аз 10 то 5 рӯз кам карда, ҳамзамон бо риояи тамоми талаботи зарурӣ дар доираи назорати муҳоҷират муҳлати амали онро зиёд намояд.

Қаблан Титов ба ҳукумат ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни федералӣ аз 25-уми июли соли 2002 №115-ФЗ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» пешниҳод намуд, ки дар он зиёд кардани муҳлати ҳади ниҳоии амали патенти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 12 то 36 моҳ пешбинӣ гардидааст.

«Бо вуҷуди аз 10 рӯз зиёд набудани муҳлати қонунии баррасии ариза барои гирифтани патент, муҳоҷирон боз 20 рӯзи дигарро барои ҷамъоварӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳои зарурӣ сарф мекунанд. Дар натиҷа коргарони хориҷӣ ҳар сол як моҳ аз фаъолияти иқтисодӣ берун монда, соҳибкорон аз бекористии онҳо зиён мебинанд ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба буҷет камтар ворид мешавад. То се сол дароз кардани муҳлати амали патент имкон медиҳад, ки дар шароити норасоии қувваи корӣ ин қадар вақти зиёдро беҳуда аз даст надиҳем»,- изҳор доштааст Титов.

Ғайр аз ин, ваколатдор ҳамчунин ҷорисозии механизми дубора ба кор даъват намудани коргарони хориҷиро, ки вурудашон ба Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол манъ шудааст, пешниҳод кардааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ низ ба имтиёзҳо розӣ аст, агар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тартиби ҷалби мутамаркази захираҳои корӣ барои ширкатҳои мушаххаси Русия ва иҷрои аксари аснод дар қаламрави кишварҳои шарикро такмил диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *