Андеша Шоҳӣ — Афғонистон

Ту баҳонаи шеърҳои манӣ

Аз хоб, ки баланд мешавам,

Рӯзҳои хушбахтиамро канори ту мешуморам.

Ва бадбахтии ҷаҳонро ба дасти бод месупорам,

Ва хотироти ширинамонро тунд-тунд мурур мекунӣ,

Ки ҳанӯз ҳам зане танҳост дар ёди ту,

Меёӣ, ки марҳами захмҳоям шавӣ.

Панҷара, ки мекушоям,

Ҳамчу шаб хомӯш мешӣ.

Ман маҳв мешавам дар нигоҳи ту,

Нигоҳи ту, ки равшанӣ надорад.

Аммо бӯсаҳоят оромиши ҳар дарди ман аст,

Ту дуои модарам ҳастӣ,

Ки дар рагҳои ман такрор мешавад.

Ту сарбози инқилобии манӣ,

Ту харгӯши инқилобии манӣ.

Ту оромиши рӯҳи манӣ,

Ту баҳонаи шеърҳои манӣ.

Ту меваи мамнӯъе дар боғи манӣ.

Ту такрор шуданӣ нестӣ,

Ва ман фориғ аз хастагиҳоям.

Вақте ба диданат меоям,

Бо зулфҳои парешон,

Нигоҳи ҳаяҷон,

Симои пур зи умед,

Домани кӯтоҳ зи ғамҳо,

Дастони меҳрубон,

Қалби ошиқ.

Ва як соли дигар афзуда мешавад,

Дар умри ту,

Ки бо ҳам буданро таҷриба кунем.

Ҳоло, ки нестӣ,

Буданам ва буданат ғазали ноб буданҳо шуда,

Ки ҳатто нахоҳам дӯстат бидорам.

Фаромӯш намешам,

Бо ҷуръаҳои бӯйи бӯсаҳои ёс,

Ва кам-кам сояи думболам меояд.

Побараҳна рӯъёҳомонро барҳам мезанад,

Ва дилхушии умеди осмонро мебалъад.

Лабат бӯса занам, ки ҷойи лабҳоят,

Шамъи  умед бисӯзонам.

Ҳоло бебок,

Офтобро дар кифам,

Ҷаҳонро дар оғӯшат,

Хушбахтиро дар лабхандат,

Зиндагиро дар ту таҷриба мекунам…

اندیشه شاهی — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *