Арчаи солинавӣ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ бо баландии 22 метр қомат рост мекунад.

Дар маркази шаҳри Хуҷанд то 15 уми декабри соли ҷорӣ Арчаи солинавӣ ба андозаи 22 метр бо паҳноии 8 метр қомат афрохта мешавад. Тибқи иттилои масъули матбуоти МИҲД шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзода арчаи солинавиро 50 000 чароғак дар 10 чароғноқили ороишдиҳанда бо зиёда аз 22 000 чароғакҳои гуногун бо дизайни муосир зеб медиҳанд.

Вай афзуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади истироҳату фароғати шаҳрвнадон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ гардида, раванди афрохтани Арчаи Соли навӣ зери назорати доимии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода қарор гирифтааст.

Ҳамзамон дар гирду атрофи майдони Арчаи солинавӣ “Шаҳраки солинавӣ” сохат шуда, чун анъана бо чароғакҳо оро дода мешавад.
Бояд қайд намуд, дар ин майдон аз ҷониби муассисаҳои фарҳангӣ барномаи консерт аз санаи 15.12.2023 то 31.12.2023. ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Ҳамчунин дар назди бинои Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ Арчаи солинавӣ ороста мешавад.

Масъулин тасмим доранд, ки баҳри болидарӯҳии шаҳрвандон барномаи рангини солинавиро ба сифати галаконсерт дар шоми 31.12.2023 пешкаши сокинон гардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *