Арзонӣ орзуе, ки дар Рамазон ҷомаи амал мепӯшад?

Ҳамасола дар арафаи моҳи шарифи Рамазон  хуб эҳсос мекардем, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум – орду биринҷ, гӯшту равған, шакару маҳсулоти макаронӣ, картошкаю пиёз, сабзию бодиринг ва чанде дигар чораҳои судманд меандешиданд. 

Савдогарони бозорро илқо менамуданд, ки  нархҳои маҳсулоти мазкурро дар ин моҳи хайру саховат баланд набардоранд. Аммо имсол роҳбарони мақомоти дахлдор аз чӣ бошад, ки оид ба чунин тадбири инсондӯстона сухан карданро намеписанданд. Шояд дар мубориза бо нафси аждарии савдогарону корчаллонҳо хаста шуда бошанд?

Тавре дар ҳафтаи аввали моҳи Рамазон мушоҳида кардем, нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум, ки  28 намуд муқаррар шудааст, дар бозорҳои пойтахти кишвар «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон» ва Қарияи Боло чашмрас фарқ мекунад. Агар маҳсулоти мазкур дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Деҳқон», маҳаллаи «Гипрозем» арзонтар ба фурӯш пешниҳод шаванд, дар бозорҳои «Саховат»-у Қарияи Боло 20-30 фисад қиматтар фурӯхта мешаванд. Ин маҳсулот дар бозорҳои маҳаллаҳои 32-юм ва  33-юми ноҳияи Сино ва дигар бозорчаю фурӯшгоҳҳои «Гӯшаи деҳқон»-и шаҳри Душанбе аз ин ҳам қиматтар пешкаши харидорон мегарданд. Помидору бодиринге, ки килоашон дар бозори «Деҳқон» ва «Гипрозем» 3-3,5 сомонӣ аст, тавассути корчаллонҳо бо арзиши  5-6 сомонӣ дар бозорҳои «Шоҳмансур», маҳаллаҳои 32-ю  33 ва нуқтаҳои хусусии «Гӯшаи деҳқон» пайдо мешаванд. Нархи гӯшт дар ҳамаи бозорҳо вобаста бо навъаш 30-33 сомонӣ муқаррар шудааст. Яъне, нархи гӯшт дар Рамазон бетағйир мондааст. Фурӯши шакару чой ва шир низ тағйирот надидааст. Ҳамон мошинҳои ширфурӯшии фабрикаи шири «Саодат» ва ҶСП «Комбинати шири Душанбе», ки саҳару шомгоҳон ба мардуми атрофи пойтахт ва маҳаллаҳои канори он дастрас мекунанд, барои ҳар як литр 4-4,5 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Дар бобати коҳиши нархи бозор бояд иқрор шуд, ки  Агентии захираҳои давлатии назди Президент якрӯ амал мекунад. Нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро Агентии мазкур ҳама рӯз як хел – нисбат ба бозор 10-20 фисад арзонтар нигоҳ медорад. КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия»-и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе танҳо бо баргузор кардани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар рӯзҳои истироҳатӣ мекӯшад нархи бозорро коҳиш диҳад. Ҳарчанд ки дар ин ярмаркаҳо намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои тобеи марказ ва мошинҳои «Тоҷикматлубот» маҳсулоти ниёзи аввалияро барои сокинони пойтахт арзонтар манзур медоранд, мушкилоти нархи гарон ҳалли худро намеёбад.

Дар суҳбат масъулону нозирони бозорҳо иброз намуданд, ки сабаби болоравии нархҳои бозор гуногунанд. Як сабабаш афзудани содироти маҳсулоти кишварзӣ ба хориҷи кишвар мебошад. Баъд, худи деҳқонон низ маҳсулоташонро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қиматтар мефурӯшанд. Расондани маҳсулот то ба бозор мушкилиҳои вижаи  худро дорад, ки агар фаҳмед, музтар мемонед.

Хуллас, бори дигар бовар кардем, ки арзон харидани маҳсулоти барои рӯзгор зарурӣ дар Рамазон орзуест, ки дар ин давру замони сармоя хеҷ гоҳ ҷомаи амал намепӯшад. Мақоли «Бисёр талаб макун, ки ба кам зор шавӣ»-ро сармашқи кору зиндагӣ мебояд кард.

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.