Ашт: Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти таъмири роҳ шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо ҷараёни таъмири роҳи Хуҷанд-Ашт шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳи мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорону саховатмандони ноҳия таъмир шуда истодааст.

Гуфта мешавад, ки барои таъмири роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Ашт аз ҷониби соҳибкорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва шаҳрвандон то имрӯз 1 млн 125 ҳазору 900 сомонӣ ҳиссагузорӣ карда шуда, корҳо идома доранд.

— Раиси вилоят аз иқдом ва ташаббуси неки роҳбарияти ноҳия ва соҳибкорону саховатмандон истиқбол намуда, барои амалисозии ин кори хайр ба саҳмгузорон изҳори сипос кард,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.