Ҳаво имрӯз абриву бебориш мешавад

Имрӯз, 17 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш  ва фаромадани туман пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва  абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туманро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 3-8 ва рӯзона ба 8-13 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ  шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *