Аввалин амалиёти ҷарроҳии пайванди ҷигар дар Хатлон
Дар Муассисаи давлатии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон барои аввалин бор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.
Ҷарроҳии мавриди назар бо муваффақият анҷом дода шудааст.
Онҳое, ки ҷарроҳӣ шуданд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, феълан дар беморон ягон ориза мушоҳида нашудааст. Бояд гуфт, ки то ҳанӯз гузаронидани чунин ҷарроҳӣ дар қаламрави вилояти Хатлон собиқа надошт.
Пайвандсозии ҷигар аз ҷумлаи ҷарроҳии нодире мебошад, ки то имрӯз, танҳо дар Муассисаи давлатии маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон анҷом дода мешуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ