Аз 1500 то 5000 сомонӣ. Ярмаркаи ҷойи кор дар ДДҲБСТ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш-фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир гардид.

Ин ярмарка 20 феврал бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои мобилӣ гузаронида шуд.

“Меҳмонон аз гӯшаҳои намоишгузоштаи ташкилотҳои бонкии ҶДММ ТАҚХ «Матин», ҶСП Бонки «Арванд», БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл”, ҶСП «Ҳумо», Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Коммерсбонки Тоҷикистон, ҶСК “Алиф Бонк”, ҶСК «Тавҳидбонк», ҶСП «Спитаменбонк» ва пешниҳоди намоишу фурўши ҳунарҳои мардумиву маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои ватании ҶДММ “Файзи Расул”, ҶДММ «Кабири Хуҷанд», ҶСК “Зуҳал”, ҶДММ “Химус”, ҶДММ “Пешсаф-1”, ҶДММ “Чўҷаи Байзо”, ҶДММ “Фаровон-1”, ҶДММ “Назар”, ҶДММ «Шаҳди Хуҷанд», ҶДММ «Муҳанно», ”, ҶДММ “ Фархунда”, ҶСП ”Сармои Суғдиён”, ҶДММ «Озода Косметикс», ҶДММ ” Светлана”, ҶДММ “Афзали Суғд”дидан карданд”,-иттилоъ доданд ба Pressa.tj аз ин муассисаи олӣ дар вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби муассисаву ташкилотҳои ватанӣ беш аз 2000 ҷойи кории холӣ пешниҳод гардид. Садҳо нафар хатмкунандагон ва донишҷўёни донишгоҳҳои ҳудуди вилояти Суғд бо шуғл фаро гирифта шуданд, ки музди маоши онҳо аз 1500 то 5000 сомонӣ аст.

Ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода дар ярмарка иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои меҳварии давлату Ҳукумати мамлакат бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва ба шуғл фаро гирифтани хатмкунандагон мебошад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомўзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таьмин намудани хатмкунандагон бо 195 корхонаю ташкилот шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *