Аз густариши ҳамкорӣ то шикасти девори хурофот (видео-мусоҳиба)

Мусоҳиба бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон

— Ҷаноби Сафир, аввалан, хуш омадед ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва вебсайти Pressa.tj.

— Ба номи Худованди меҳрубон ва бахшоянда, миннатдории амиқи худро ба шумо ҷаноби Шариф изҳор медорам, ки имкон фароҳам овардед, то мусоҳиба анҷом диҳем. Барои ман ташриф ба идораи нашрияи маъруфи «Тоҷикистон» ва мулоқоти мо дар моҳи мубораки Рамазон арзиши вижа дорад. Бо истифода аз ин фурсат, ҳамчунин мехоҳам сипоси худро ба Роҳбарияти муҳтарами кишвар, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи масъулини Ҳукумат ва мардуми бародари Тоҷикистон, инчунин ба хонандагони шумо низ бирасонам. 

— Барои ман мояи ифтихор аст, ки рӯ ба рӯям рӯзноманигоре қарор доранд, ки фаъолияти дипломатиро пеша кардаанд. Лутфан, ибтидо аз фаъолият ва таҷрибаи рӯзноманигориатон каме маълумот диҳед.

— Рӯзноманигорӣ танҳо тахассуси ман аст. Алҳамдулиллоҳ, ман фориғуттаҳсили Донишгоҳи исломии ба номи имом Муҳаммад ибни Сауд дар шаҳри ар-Риёз ҳастам, ки дар он рӯзноманигорӣ ва робитаҳои умумиро омӯхтаам. Пас аз хатми донишгоҳ муддате дар ҳамин соҳа кор кардаам ва баъдтар ба Вазорати умури хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ пайвастам. Дар онҷо, тадриҷан дар мансабҳои гуногун фаъолият доштам ва ниҳоят ба мақоми Сафири Ходими Ҳарамайни Шарифайн, шоҳ Салмон ибни Абдулазиз Ал Сауд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудам.

— Оё огоҳед, ки ҳамтои шумо аз Тоҷикистон, Заробиддин Қосимӣ, ки ҳоло сухангӯи Президенти Тоҷикистон аст, пештар Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ буд?

— Бале, аз фаъолиятҳои эшон огоҳам. Заробиддин Қосимӣ яке аз шахсиятҳои барҷаста ва масъул дар ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки дар хориҷа намояндагии кишварашро ба уҳда дошта, таҷрибаи арзишманд дар Арабистони Саудӣ касб кардааст. Барояш дар вазифаи нав муваффақиятҳо орзумандам. Таъкид мекунам, ки иттилоот ва дипломатия ба ҳамдигар вобастаанд ва ҳар кадом метавонанд дигариро тавонмандтар созанд. Дар фаъолияти дипломатӣ иттилоот нақши муҳиме дорад, зеро он ба шиносоии давлатҳо бо сиёсати хориҷии ҳамдигар, стратегияҳо ва ҳадафҳои сиёсии онҳо кумак мекунад. Дар ин замина, нақши иттилоот дар дипломатия ғайри қобили инкор аст ва ҳар як сиёсати хориҷии муассир ниёзманд ба дастгоҳи иттилоотии мустаҳкам мебошад, ки имкон медиҳад ҷомеаи байналмилалӣ бо дидгоҳҳо, усулҳо ва мақсадҳои кишвар ошно шавад. Ин ҳамкорӣ миёни иттилоот ва дипломатия аст, ки ба мо имкон медиҳад дар саҳнаи байналмилалӣ муносибатҳои мусбат ва ҳамкориҳои судмандро рушд диҳем.

Ҳамчунин, ин таҷриба ва дониши гирифта аз соҳаи рӯзноманигорӣ ва муносибатҳои умумӣ ба ман дар фаҳмидани чӣ гуна метавон иттилоотро барои пешбурди муносибатҳои дипломатӣ ва баланд бардоштани шуҳрати кишвар дар арсаи байналмилалӣ истифода бурд, кумак кард. Дар давраи фаъолиятам шоҳиди он будам, ки чӣ тавр иттилооти дақиқ ва муассир метавонад дар тағйир додани дидгоҳҳо ва эҷоди муносибатҳои нав мусоидат кунад.

Сардабири нашрияи «Тоҷикистон» ҳангоми мусоҳиба бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар — Рушайдон

— Қабл аз омадан ба Тоҷикистон онро чӣ гуна медидед?

— Пеш аз қабул шудан ба мақоми сафир, дар бораи Тоҷикистон маълумоти умумӣ доштам. Медонистам, ки ин кишвар дар дили Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, бо зебоии кӯҳистонаш машҳур аст, ки беш аз 90% масоҳати онро ташкил медиҳад. Аз шунидани гузоришҳо ва хондани мақолот фаҳмидам, ки мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозии беназир маъруфанд. Сайёҳони зиёде аз Арабистони Саудӣ, ки ба ин сарзамин сафар кардаанд, аз ин хислати хуби мардуми Тоҷикистон ситоиш кардаанд.

Баъди ба даст овардани Истиқлол, беш аз се даҳсола шуд, ки Тоҷикистон дар масири рушди худ қадам мезанад. Ҳангоми омаданам ба ин ҷо, дидам, ки кишвар зери раҳнамоии раҳбари муҳтарамаш, Президент Эмомалӣ Раҳмон пешрафтҳои бузургеро ба даст овардааст. На танҳо дар пойтахт, балки дар ҳамаи нуқтаҳои кишвар шоҳиди тағйирот ва рушд ҳастам. Вохӯрдан бо масъулони давлатӣ ва шунидани барномаҳо ва лоиҳаҳои рушди онҳо, ки аз дастуру роҳнамоиҳои Роҳбарияти олӣ илҳом мегиранд, нишондиҳандаи таҳкими асосҳои давлатдории муосир ва ҷиҳатдори стратегии рушд дар Тоҷикистон мебошад. Барои ҳамаи ин талошҳо ва дастовардҳо, барояшон пешрафтҳои бештарро таманно дорам.

— Ҷаноби Сафир, арзи эҳтиром ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки дар қалби ҷаҳони ислом қарор дорад ва чун манбаъ ва маркази тағйирот ва рушд дар ҷомеаи исломӣ шинохта шудааст. Мо феълан дар моҳи мубораки Рамазон қарор гирифтаем. Дидгоҳи шуморо дар бораи ин моҳи муқаддас ва ҷойгоҳи он дар ислом чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?

— Дар ҳақиқат, моҳи Рамазон, ки моҳи нузули Қуръон, моҳи раҳмат, мағфират ва таҳаммулпазирӣ шинохта мешавад, беҳтарин давраи сол барои мусалмонон аст. Ин моҳ на танҳо дар бораи парҳез аз хӯрок ва нӯшидан аст, балки инчунин замоне барои тафаккур дар бораи рафтор ва ахлоқи худ, дурӣ ҷустан аз кирдорҳои номатлуб ва поксозии қалб аз ҳар гуна кин ва адоват аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин замина таъкид ба аҳамияти таҳаммулпазирӣ ва амалҳои нек кардаанд, ки ин баёни эҳтимоми мо ба пайравӣ аз арзишҳои исломӣ ва тақвияти ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа аст. Дар ин моҳи муқаддас, аз Худованд дархости онро дорам, ки бар мо ва ҳамаи уммати исломӣ файзу баракати ин моҳро ато фармояд.

— Ҳангоми як суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зоҳирпарастӣ ва зиёдаравии ақидаҳои нодуруст дар миёни ҷавонон ишора карданд ва таъкид намуданд, ки ин роҳ онҳоро ба гумроҳӣ мебарад, латма ба обрӯи ислом мезанад, водор ба корҳои ношоиста, ифротгароӣ ва терроризм месозад. Аз нигоҳи шумо, чӣ гуна ин зуҳуротро метавон решакан кард?

— Фаҳмондадиҳии маърифатӣ дар ҷомеа нақши муҳим дорад, ба вижа дар роҳи мубориза бо зуҳуроти номатлубе чун ифротгароӣ ва терроризм. Таълим ва тарбияи дуруст, ки аз хонадон оғоз ва дар мактабу масҷид идома меёбад, метавонад дар шаклгирии дидгоҳи мусбат ва солими ҷавонон нисбат ба ҷаҳон ва арзишҳои исломӣ нақши калидӣ дошта бошад. Ифротгароӣ ва терроризм, ки мехоҳанд аз эҳсосоти динии ҷавонон сӯйистифода кунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ бо арзишҳои аслии ислом, ки дини миёнаравӣ, таҳаммул ва муҳаббат аст, мувофиқат намекунад.

Кишвари мо, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки маркази исломӣ ва макони муқаддаси мусалмонон аст, дар пешбурди мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таҷрибаи бой дорад. Ин таҷриба дар дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла дар чорчӯбаи фаъолиятҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ ва дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, барои ҳамгироии фаъолиятҳо дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб корбурд шудааст.

Суханронии муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ба зоҳирпарастӣ ва зиёдаравии ақидаҳои нодуруст дар миёни ҷавонон ишора карданд, нишондиҳандаи таваҷҷуҳи давлат ба масъалаи тарбия ва маърифат аст. Таълими исломи муътадил ва асосӣ, ки бар арзишҳои раҳмат, меҳрубонӣ ва таҳаммул таъкид мекунад, роҳи муассири муқобила бо чолишҳои бузурги ҷомеа, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Ҳамкории ҳамаҷонибаи давлат, ҷомеа ва ниҳодҳои динӣ дар ин раванд нақши муҳимро бозӣ мекунад.

— Оё дуруст аст, ки Арабистони Саудӣ нисбат ба ҳаҷравон маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст?

— Ин маҳдудият ё шарт нест, балки он танзими ҳаҷи ҳоҷиён дар макони муқаддас аст. Ҳаҷ рукни панҷуми Ислом мебошад. Ҳама медонанд, ки ҳар давлат ниҳоди дахлдори худро дорад, ки он фаъолияти худро бо ниҳодҳои дахлдори Арабистони Саудӣ барои ба тартиб овардани ҳаҷ ҳамоҳанг мекунад. Барои ҳоҷиён кишвари ман маҳдудият ҷорӣ накардааст, ҳоҷиёнро давлаташон интихоб мекунад. Аммо давлати мизбон танҳо хизматрасонӣ ба онҳоро дар мавсими ҳаҷ ба танзим меорад, то маносики ҳаҷро осон анҷом диҳанд. Ниҳодҳои саудӣ ба онҳо маскану нақлиёт фароҳам меоранд ва аз қудум то бозгашт масъулияти ҳоҷиёнро бар дӯш мегиранд. Маносики онҳоро бо ниҳодҳои давлаташон танзим мекунанд. Дар Тоҷикистон Кумитаи дин фаъолият дорад, ки он ҳар сол бо ҳамтоёни саудии худ роҷеъ ба ташкили ҳаҷ ва таъмини хизматрасонии ҳоҷиёни Тоҷикистон ҷаласаҳо баргузор мекунад, ҳамчунин корро ниҳодҳои дигар давлатҳо анҷом медиҳанд.

— Ҷаноби Сафир, калимаи ҳоҷӣ дар Тоҷикистон ба рутба табдил ёфтааст. Онҳое, ки ҳаҷ мекунанд, худро аз дигарон фарқ мегузоранд. Ҳоҷиталбону ҳоҷиошӣ, ҳоҷигаштак ба ҳукми анъана даромадааст. Нигоҳи шумо чист?

— Ин гуна анъана на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар баъзе аз кишварҳои исломӣ низ мушоҳида мешавад. Баъди бозгашт аз ҳаҷ маросими истиқбол дар фурудгоҳҳо ташкил мекунанд, зиёфатҳо меороянд. Воқеан, ин барои ҳоҷӣ шараф аст, ки Худованд онро насибаш гардонид. Ин ҳама аз урфу одатҳои халқҳост, вале зиёдаравӣ дар ин анъанаҳо метавонад зиёни иқтисодӣ ба бор оварад, ки он хилофи арзишҳои ҷомеа мебошад. Ҳатто динамон дар чунин корҳо исрофкориро манъ кардааст. Эътидол дар ин анъанаҳо шарт ва зарур аст. Ҳарчанд ин ҳама урфу одати мардум аст, ки шодии ҳоҷӣ ва наздиконашро баён мекунад.

— Дар кишвари шумо ҳам чунин анъана вуҷуд дорад?

— Кам, хеле кам.

— Худатон чанд бор ҳаҷ кардед?

— Як маротиба. Дар низоми дохилии мо ба ҳоҷӣ барои ҳаҷ баъди ҳар 5 сол як маротиба иҷозат медиҳанд, то дигарон тавонанд фаризаи ҳаҷро анҷом диҳанд.

— Аммо дар мо ҳар сол ба ҳаҷ мераванд. Ин одатро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

— Ин масъалаи дохилист. Интихоби ҳоҷиён аз салоҳдиди Кумитаи дин аст.

— Либосе, ки дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мепӯшанд, либоси миллист ё исломӣ?

— Либоси миллист. Номаш либоси анъанавии саудӣ. Либоси исломӣ пештар аз либоси саудӣ фарқ мекард, вале ин либоси саудист, ки аз ниёгонамон аз давраи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ин ҷониб мепӯшем ва он куртаи дароз, рӯймол ва сарбанди мӯина бо шаклҳои мухталиф.

— Арабистони Саудӣ чӣ қадар аҳолӣ дорад?

— Тақрибан 34 миллион, аз он 12 миллион муҳоҷирони хориҷӣ мебошанд.

— Аз Тоҷикистон низ муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд?

— Бале, тақрибан 400-500 нафар. Мо тавассути ҷаласаҳои байниҳукуматии дуҷониба кӯшиш дорем, ки бо ташкили давраҳои омӯзишӣ шароити кории шаҳрвандони Тоҷикистонро фароҳам орем. Вақтҳои охир ширкатҳои саудии калон дар Шоҳигарӣ барои бастани қарордоди меҳнатӣ бо Тоҷикистони бародар таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, хусусан дар соҳаи сохтмон. Худо хоҳад, дар оянда шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ афзоиш хоҳад ёфт.

— Ҷаноби Сафир, дар бораи муносибатҳои дуҷониба байни Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон чӣ назар доред? Имрӯз дар кадом бахшҳо фаъолият муассир аст?

— Ҳоло ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари бародари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди ҳамкориҳои барҷаста дар тамоми сатҳҳо мебошад. Ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ моҳи декабри соли 2022 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳоло омодагӣ барои баргузории давраи чаҳоруми ин Комиссияи байниҳукуматии муштарак дар шаҳри ар-Риёз — пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷараён дорад. Лоиҳаи созишномаҳои зиёде дар самтҳои гуногун барои имзо омода шудаанд. Баъзеи дигар мавриди омӯзиш қарор доранд. Дар сатҳи густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф низ ҳамоҳангӣ вуҷуд дорад. Илова ба даври машваратҳои сиёсие, ки дар ин ҷо дар Душанбе баргузор шуд ва даври дигар дар ар-Риёз баргузор мешавад, кор дар ин самтҳои ҳамкорӣ аз хоҳиши муштараки Роҳбарияти ду кишвар, дастурҳои Роҳбарият дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вобаста аст. Инчунин, ман дар ин ҷо дастурҳои Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бораи таҳкими ҳамкорӣ ва пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳамкорӣ ба нафъи ду кишвар ва миллати бародар эҳсос кардам.

— Ҷаноби Сафир, кадом лоиҳаҳои муҳимро Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон пеш мебарад?

— Дар ҳоли ҳозир, маҷмуи лоиҳаҳо мавҷуданд, ки аз сӯи Бунёди Саудии Рушд, ки соли 2002 дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст, дастгирӣ мешаванд. Ду лоиҳаи муҳимро, ки ба тозагӣ маблағгузорӣ шудаанд, мехоҳам муаррифӣ кунам. Аввалин лоиҳа маблағгузории НБО-и «Роғун» мебошад, ки маблағи он 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Мо бо ифтихор эълон медорем, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нахустин кишвареаст, ки ба ин лоиҳаи стратегии зери диққати роҳбарияти олии Тоҷикистон сармоягузорӣ намудааст.

Дигар лоиҳа, ки марҳилаи панҷуми сохтмони мактабҳоро дар бар мегирад, бо маблағи 20 миллион доллари амрикоӣ таъмин шудааст, ки ҳаҷми умумии маблағгузориро Бунёди Саудии Рушд дар соҳаи маориф тақрибан 300 миллион доллар мерасонад.

Ҳамзамон, лоиҳаҳои башардӯстона, ки Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон амалӣ кардааст, аз қабили тақсими сабадҳои озуқаворӣ дар моҳи Рамазон мавҷуданд, ки имсол 7427 сабад ба маблағи 400 000 доллари амрикоӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тақсим хоҳанд шуд. Мо инчунин дар фаъолиятҳои назоратӣ ва ҳамоҳангӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои тақсими маводҳои имдодӣ ба осебдидагони заминларза фаъолона иштирок мекунем. Бар замми ин, ташаббусҳои сармоягузорӣ миёни ду кишвар дар чорчӯбаи Форуми сармоягузории Душанбе ва таъсиси Шӯрои соҳибкорон, ҳамчунин сафарҳои мутақобил байни ду кишвар дар ҳоли омодасозӣ қарор доранд.

— Ташаккур барои ташриф ва посух ба саволҳо

— Мо ҳамеша омодаем минбаъд низ ба ҳар суоле ё пурсише, ки ба миён меояд, посух диҳем. Барои фароҳам овардани фурсат ва ин суҳбат ба шумо арзи сипос менамоям.

Мусоҳиб:

Шариф ҲАМДАМПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *