Аз коҳиши истеҳсоли орд то дастури Президент ба масъулин

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишвар истеҳсоли орд 35 фоиз кам шудааст.

Ин нукта дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат, ки 28 июл баргузор гардид, садо додааст.

Вобаста ба ин, ба вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ супориш дода шудааст, ки ҷиҳати мунтазам ворид намудани гандум аз хориҷи кишвар инчунин, дарёфти роҳҳои алтернативии воридоти он бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин, вобаста ба бартараф намудани мушкилот ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо дар бахши энергетикаи кишвар Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул супориш дод, ислоҳоти сохтории соҳаро тақвият бахшида, дар ин замина самаранокии фаъолияти низоми энергетикии кишварро таъмин намоянд.Супориш дода шудааст, ки шахсони масъул ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми муосири назорат, баҳисобгирии неруи барқ ва кам кардани талафоти он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбирҳои таъхирнопазирро роҳандозӣ намоянд.

Дар маҷлис таъкид шудааст, ки бо вуҷуди дар нимсолаи якуми соли 2022 рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 107,2 фоизро ташкил кардааст, вале ҳанӯз ҳам имконияту захираҳои мавҷудаи кишвар дар ин самт пурра ва самаранок истифода намешаванд.

Бинобар ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат, аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳоқимияти давлатиро вазифадор кард, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ фаъолиятро дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани се – чор ҳосил, афзоиш додани майдони кишти зироатҳои таъиноти ғизоӣ, хусусан, дар кишти такрорӣ, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшида, дар ҳар як оила захира намудани озуқавориро барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023 ва мавсими соли оянда таъмин намоянд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.