Аз кушодани равзанаи бонкдории исломӣ то бозомӯзии мутахассисон дар мулоқоти Фирдавс Ризвонзода бо Назим Нурдалӣ
Дар шаҳри Душанбе Масоили марбут ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои маблағгузории савдо ва аккредитив дар мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода бо Директори асосии амалиётии Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории савдо Назим Нурдалӣ баррасӣ гардид.
Тавре ки аз «Амонатбонк» ба Pressa.tj иттилоъ доданд, мусоҳибон ҳамзамон кушодани равзанаи бонкдории исломӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар ин самт, пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ ва дигар намуди амалиёти молиявиро баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи имконияти мавҷуда ҳамкориро дар оянда густариш диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ