Аз он ҷанги хонумонсӯз 77 сол сипарӣ шуд. Қадршиносии Абдувалӣ Қаюмов ва Иосиф Зоҳидов

Дар арафаи таҷлили 77-солагии  Ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ба 2тан аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки имрӯз насиби  дар ҳаётбудаи маскуни шаҳри Исфара туҳфаҳои идонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мукофотҳои пулии раисони вилояти Суғд ва шаҳри Исфара супорида шуданд.

Бо ҳамроҳии раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Саидов, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳирчон Толибзода ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдувалӣ Қаюмов аз Ҷамоати деҳоти Хонобод ва Иосиф Зоҳидов аз Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ ташриф оварда, падарони шуҷову қаҳрамонро аз номи Роҳбарияти давлат ва ҳукумат бо солгарди навбатии Рӯзи Ғалаба аз болои фашизми гитлерӣ сидқан шодбош гуфта, барои ҷонфидоиву диловариашон дар ҷабҳаи наҷоти инсоният аз қувваи аҳриманӣ арзи ташаккур намуданд.

Баробари табрикоту таманниёти нек, аз ҷумла таъкид гардид, ки «Ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони дар имтиёз бо онҳо баробарбуда вазифаи ҷонии мақомотҳои давлатӣ ва инчунин қарзи инсонии ҳар фарди ҷомеа мебошад».

Ба аёдатшудагон — иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби Президенти мамлакат 15 ҳазор сомонигӣ, раиси вилояти Суғд 6 ҳазор сомонигӣ ва раиси шаҳри Исфара 3 ҳазор сомонигӣ туҳфа карда шуд.

Имрӯзҳо ҳамчунин аёдату дидорбинӣ ва қадршиносии собиқадорони ҷанг ва меҳнаткашони арсаи оқибгоҳ аз тарафи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ва сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *