Ширкати бонувони муштзани Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон

Аз 6 то 21-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия Чемпионати ҷаҳонии миёни бонувон баргузор мешавад, ки дар он намояндаҳои Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Аз аввалин чемпионати ҷаҳон миёни бонувон 20 сол сипарӣ мешавад ва сол то сол шумораи ширкаткунандагон меафзояд. Дар мусобиқаи Истанбул иштироки 419 варзишгар аз 93 кишвари дунё дар назар аст.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз 4 варзишгар — Сумайя Қосимова (-48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63 кг) намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ хоҳад кард.

Пеш аз чемпионат варзишгарон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуданд.

Чемпионати ҷаҳон дар 11 вазн сурат мегирад ва фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ҳар вазн ғолибону ҷоизадорон ҳамон маблағеро мегиранд, ки мардҳо дар чемпионати ҷаҳон-2021 гирифта буданд. Барои ҷойи якум 100000 доллари ИМА, ҷойи дуюм 50000 доллар ва ду ҷойи чеюм 25000-долларӣ дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *