шарҳи матбуот

Аз пештозии “Тоҷикистон” то инсофталабии “Фараж”

Ин ҳафта расонаҳои Тоҷикистон беш аз ҳама ба мавзуҳои сафари Президент ба Ню-Йорк ва Хуҷанд, инчунин ба масъалаи гароншавии нархи маҳсулот дар бозорҳо дар моҳи шарифи Рамазон рӯй оварданд.

Шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№12-13 (1524) бо пештозӣ ва фарогирии мавзуҳои муҳими рӯз миёни матбуоти даврӣ тафовут дошт. Нашрияи мазкур матолиби ҷолибу хонданиеро аз қабили “Аз Ню-Йорк то Хуҷанд”, “Заминларза дар Тоҷикистон. Аз хисорот то кумак ба зарардидагон”, “Аз маҳсулоти пастсифат то нархҳои дандоншикан” ба нашр расонд.

Ҳамзамон, дар ҳоле, ки мавзуи сафари қарибулвуқуи президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов аз назари бисёр нашрияҳо дур мондааст, ҳафтаномаи “Тоҷикистон” матлабе бо номи “Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон меояд. 2 интизорӣ аз сафари президенти Туркманистон” нашр карда, аз ҷумла навиштааст: “То ҳол маълум нест, ки ҷонибҳо чӣ созишномаҳое ба имзо мерасонанд ва чӣ иқдомоте сурат хоҳад гирифт. Вале коршиносон баррасии ду иқдоми бузургро пешгӯӣ мекунанд: яке баҳрабардории шохаи 4-уми хати лӯлаи гази Осиёи Марказӣ — Чин (Туркманистон — Чин) тавассути Тоҷикистон ва дигаре лоиҳаи роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон — Тоҷикистон”.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” (№64 (24675)) бо номҳои “Об. Тоҷикистон ҷаҳони муосирро ба муколамаи ҳаётбахш моил кард”, “Тоҷикистон дар ҷаҳон дар масъалаи об давлати пешқадам аст”, “Конфронси оби СММ. Бозтоби ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар расонаҳои ҷаҳон” матолиб ба нашр расонида, оид ба Конфронси оби СММ дар Ню-Йорк ва аз ҷумла суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он гузориш додааст.

Оид ба паҳлуҳои мухталифи сафари Президенти Тоҷикистон ба Ню-Йорк дар рӯзномаи “Садои мардум” (№44-45 (4627-4628) матолиби “Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки ИМА”, “Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ” ва дар рӯзномаи “Минбари халқ” (№12 (1409)) матлаби “Сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико”-ро метавон мутолиа намуд.

Аммо матолиби муфассалро дар боби сафари Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Ню-Йорки ИМА дар нашрияи “Народная газета” (№14 (20399) таҳти унвони “Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки ИМА” ва дар ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” (№13 (1368)) бо номи “Об мардуми оламро муттаҳид месозад” метавон дарёфт.

Ҳафтаномаи “СССР” (№12 (757)) дар матлабе таҳти унвони “Рамазон омаду имон рафт…” дар боби нархи гарони анвои маҳсулот дар бозор нигаронӣ карда, аз ҷумла менависад: “Савдогарон арзиши маҳсулоти худро боз ба сифатноку дуюмдараҷа тақсим карда, нархҳои аввалиро қимматтар ва дуюмиро бошад, каме пасттар маънидод мекунанд. Шоҳиди он гаштем, ки мардум бештар аз гаронии нархҳо гиламанд буда, аз ноилоҷии худ харидорӣ мекарданд. Чун қисмати барзиёди аҳолии мамлакати мо мусалмононанд, аниқ аст, ки рӯзаи фарзиро адо менамоянд. Вале чаро дидаву дониста маҳз мусалмонҳо бар бародарони худ дар ҳамин моҳи мағфират зулм карда, нархҳоро то осмонҳо мебардоранд!?”.

— Моҳи Рамазон худ мардумро аз ҳар гуна амалҳои нопок канор карда, инсонҳоро ба якдигарфаҳмӣ, якдилӣ ва нияти нек кардан даъват менамояд. Пас биёед, Инсон бошему Инсон бимонем!,- даъват кардааст нашрия.

Ҳафтаномаи “Фараж” (№11-12 (850)) бошад, бо нашри матлабе таҳти унвони “Хатлон: Чаро дар Рамазон нарх қиммат мешавад?” аз вазъи бозорҳои вилояти Хатлон гузориш дода, аз ҷумла менависад: “Болоравии нархҳо дар моҳи Рамазон натанҳо дар бозору фурӯшгоҳҳои шаҳри Бохтар, балки дар фурӯшгоҳҳои навоҳии дигари вилояти Хатлон низ мушоҳида мешавад”.

— Донандагони дини Ислом ба таври сунъӣ баланд бурдани нарху наво дар моҳи Рамазонро аз нигоҳи ислом чунин шаҳр доданд: «Баъзе «ҷавонмардон»-е ҳастанд, ки моҳи Рамазонро бесаброна интизор мешаванд. Шумо гумон мекунед, ки барои дарёфти савоб? Не, хато кардед. Барои худсарона гарон кардани нархи маҳсулот. Агар дар тамоми дунё мардум рӯзадоронро ҳурмат намуда, молҳояшонро арзон кунанд, дар бозорҳои мо баръакс, нарху наво аз ҷониби баъзе «савобҷӯён» баланд карда мешавад. Оё ин нишонаи мусулмонист? Магар ин савдогарон аз баракати моҳи Рамазон баҳрае мебаранд? Чунин ашхос аз Рамазон танҳо савоби ташнагиву гуруснагӣ ҳосил мекунанду халос. Дар ин маврид паёмбари ислом фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи Ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».

Боқӣ, аз имони худи фурӯшандагони бозору мағозаҳо поён бурдани нархи ҳама намуд маҳсулоти ниёзи мардум вобастагӣ дорад. Худо худатонро инсоф диҳад, тоҷирони муҳтарам!,- зикр мекунад нашрия.

Шарҳи матбуоти кишварро ҳар ҳафта қисмати аввали рӯзи ҷумъа дар сомонаи Pressa.tj интизор шавед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *