Аз таҳти дил биханд!
Содда
Дар беморхона:
– Духтурҷон, ҳамин ҷарроҳии қиммат воқеан зарур аст?
– Албатта зарур, бе ин на дар Варзоб дам гирифта мешаваду на дар Сафеддара лижа ронда.
– Духтурҷон, ба ман на Варзоб даркору на лижаронӣ.
– Эй содда, гап дар бораи ту намеравад охир,- мегӯяд табиб.
Ҷумлаи саволӣ
Марде ғазаболуд якбора мушт болои миз зада, нидо мекунад:
– Кӣ зурӣ хона?
Зани бечора ҳам, ки аз афташ аз бекоргардии ӯ ҷонаш ба лаб омада буд, кафлезро баланд бардошта, дар фарқи сараш мефурорад.
Баъди ба ҳуш омадан, мард алам мекунад:
– Занак, кори хуб накардӣ, одами бегуноҳро қариб бикушӣ.
– Чӣ хел бегуноҳ, чиба худата зӯри хона мегирӣ?
– Занак, ман худама зӯр нагуфтам, агар аҳамият медодӣ, ҳамон ҷумлаи ман аломати савол надошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ