Аз таҳти дил бихандед!
Хешу табор
Ду нафар дар мобайни кӯча муноқиша мекунанд. Якеаш мегӯяд:
– Ту буз ҳастӣ!
Нафари дигарӣ мегӯяд:
– Аз буз мешунавам!
Роҳгузаре бо садои хаста:
– Модоме ҳардуятон хешу табор бошед, барои чӣ моҷаро мекунед?
Инвар
Роҳбар реҷаи ба рухсатӣ равон кардани кормандонашро тартиб дода истода, аз як кормандаш мепурсад:
– Ҳалимов, моҳе, ки ту ба рухсатӣ баромадан мехоҳӣ, бо кадом ҳарф сар мешавад?
Ҳалимов дар ҷавоб:
– Бо ҳарфи “И” албатта…
Роҳбар мегӯяд:
– Майлаш, моҳи инвар ба рухсатӣ меравӣ.
Пиру ҳиллагар
Модар аз писараш мепурсад:
– Бачем, арӯсшавандаат чандсола аст?
Писар:
– 35-сола.
Модар:
– Наход ҳамин пирро ба занӣ гирӣ-а?
Писар:
– Оча, Гулноз ба назар 25-сола менамояд!
Модар:
– Ҳа, бар замми пир буданаш, боз ҳиллагар аст, гӯй!?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ