Аз таҳти дил бихандед!
Аблаҳ
Писарчае ба модараш мегӯяд:
– Оча, ба ман сурати падарам лозим аст.
Модар ба фарзандаш мегӯяд:
– Акси падаратро чӣ кор мекунӣ?
Кӯдак мегӯяд:
– Муаллимаамон гуфт, ки кадом аблаҳ вазифаи хонагиатро иҷро кардааст, ба ман нишон деҳ.
Ҷарроҳӣ
Марде дар мизи ҷарроҳӣ хоб аст. Духтури ҷарроҳ – домодаш ба ӯ мегӯяд:
– Ҳа падар, хафагиҳоро фаромӯш карда, шуруъ мекунем?
Домодаш дар ҷавоб мегӯяд:
– Бачем, фаромӯш накун, ки агар хушдоманат бева монад, ба хонаи шумо кӯчида меравад.
Қаҳри зан
Шавҳар ба занаш мегӯяд:
– Занак, ту ба ман як сиратро фош карда метавонӣ? Чаро ман ба сарат ин қадар дод мезанаму ту бошӣ, хомӯшона таҳаммул мекунӣ?
Зан дар ҷавоб:
– Ман қаҳрамро бо тоза кардани ҳоҷатхона фурӯ менишонам.
Шавҳар ҳайрон шуда, мепурсад:
– Тоза кардани ҳоҷатхона туро ором месозад?
Зан дар ҷавоб:
– Ман ҳоҷатхонаро бо чуткаи дандоншӯии ту тоза мекунам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ