Аз таҳти дил бихандед!
Сипосгузорӣ
Духтараки донишҷӯ ҳуҷҷатҳои ронандагияшро гирифта, бори аввал модарашро то хонаашон мебарад. Вақте мошин манъ мешавад, модар мегӯяд:
– Сипосгузорам!
Духтараш мегӯяд:
– Саломат бошед!
Модар мегӯяд:
– Ман аз ту не, аз Худованд сипосгузорам, ки сиҳату саломат расидам.
Туҳфа
Ҷарроҳи ҷавонро баъди ду маротиба ҷарроҳии бебарор карданаш мудири шуъба даъват карда, мепурсад:
– Гӯш кун, Аброров, ту дипломро харидаӣ чӣ?
Ҷарроҳ дар ҷавоб мегӯяд:
– Хафа мекунед, духтур, барои чӣ дипломро мехаридаам? Онро ба ман дар зодрӯзам туҳфа карданд!
Саги гапзан
Марде аз рухсатии меҳнатӣ баргашта, сагашро ба ошхона мебараду аз ҷонвар мепурсад:
– Дар набудани ман ягон кас ба назди занам омада буд?
– Ҳав,- аккос мезанад саг.
– Мард буд?,- боз мепурсад шавҳар.
– Ҳав.
– Онҳо чӣ кор карданд?,- мепурсад шавҳар.
– Ҳа-ҳа-ҳа-ҳа,- вазнин нафас мекашад саг.
– Дурудароз?,- боз суол мекунад мард.
– У-у-у!,- уллос мекашад саг.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ