Аз таҳти дил бихандед!
Зодрӯз
Хоҳарони шавҳар аз келинашон мепурсанд:
— Мастурахон, мо намедонем дар зодрӯзи шавҳарат ба ӯ чӣ туҳфа кунем. Аз пурсидан шарм медорем. Ту намедонӣ шавҳарат чӣ мехоҳад?
Келин мегӯяд:
— Шавҳарам мӯзаҳои занонаи итолиёвӣ, андозаи 38 ва «мултиварка» мехоҳад, вале аз гуфтан шарм медорад.
Шикоят
Бемор ба духтур шикоят мекунад:
— Духтур, ман як мушкилӣ дорам, ҳар субҳ расо соати 8 қазои ҳоҷат мекунам.
Духтур дар ҷавоб:
— Мушкилӣ дар чӣ аст?
Бемор мегӯяд:
— Гап сари он аст, ки ман соати 9 аз хоб бедор мешавам.
Хостгорӣ
Духтар ба дӯстдоштааш:
— Ҷонам, ман метарсам.
Ҷавон:
— Аз чӣ метарсӣ, ҷонам? Натарс!
Духтар мегӯяд:
— Мабодо ту ба хостгорӣ биёӣ, ки хонаводаи мо розӣ нашаванд…
Ҷавон мегӯяд:
— Натарс ҷонам, ман бе он ҳам рафтанӣ нестам.
Шарҳ