Аз таҳти дил бихандед!
Пули халқ
Нозири андоз аз раиси корхонае мепурсад:
– Шумо қасри боҳашаммат, панҷ мошини “Мерседес” ва шаш хонаро дар маркази шаҳр бо пули худатон харидед?
Раис дар ҷавоб:
– Боз бо пули кӣ ҳам мехаридам?
Нозири андоз мегӯяд:
– Ба фикрам, тамоми дороии шумо бо пули халқ аст!
Раис мегӯяд:
– Шумо чиҳо мегӯед?! Халқ аз куҷо ин қадар пул дорад?
Тӯтии гумгашта
Мардеро тӯтияш гум шуд. Шитофт то пулис.
– Тӯтии ман гум шуд,- гуфт мард.
Корманди пулис дар ҷавоб:
– Пас, мо чӣ кор кунем?
Мард:
– На, на! Ҳеҷ коре накунед! Агар тӯтиям пайдо шуд, донед, ки дашномҳояш андешаи шахсии ӯянд.
Паёмак
Ҷавоне ба духтари писандидааш паёмак менависад:
– Кай туро дида метавонам, ки ҳамроҳ сайругашт кунем?
Духтар дар ҷавоб мегӯяд:
– Ман дӯстдошта дорам.
Ҷавон менависад:
– Ту чунон зебоӣ, ки сазовори ду дӯстдошта ҳастӣ…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ