Аз таҳти дил бихандед!
Наркоз
Мард аз зан мепурсад:
– Хонуми зебо, ман барои ба даст овардани муҳаббати шумо бароятон чӣ биёрам?
Зан мегӯяд:
– Наркоз биёред.
Худхизматрасонӣ
Марде дар маркази савдо дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ маҳсулот харидорӣ намуда, ба назди хазина меояд. Баъди ҳисобӣ карданаш духтараки хазинадор мегӯяд:
– Барои харидатон сипосгузор ҳастем!
Мард ба ғазаб омада, мегӯяд:
– Тамом?! Барои чунин маблағи сарфкардаам шумо бояд пойҳои маро бӯса кунед!
Духтарак бо табассум мегӯяд:
– Дар мағозаи мо худхизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст!
Калонсол
Зану шавҳар бо ҳам муноқиша мекунанд. Шавҳар мегӯяд:
– Ту аз ман калонсол ҳастӣ, пеш аз ман вафот мекунӣ, фаҳмидӣ!
Зан кордро ба даст гирифта, мегӯяд:
– Ту муътақид ҳастӣ?
Нафрат
Марде барои ба кор даромадан ҳангоми анкета пур кардан аз дӯсташ маслиҳат мепурсад:
– Гӯш кун, агар ман нависам, ки машрубот менӯшам, маро ба кор намегиранд, агар гӯям, ки наменӯшам, бовар намекунанд. Чӣ нависам?
Дӯсташ мегӯяд:
– Навис, ки арақ менӯшам, вале бо нафрат…
Тиреза
Зан аз шавҳараш мепурсад:
– Мардак, барои чӣ назди тиреза истодаӣ?
Шавҳар мегӯяд:
– Фикр дорам, ки парам ё тирезаро маҳкам кунам…
Зан мегӯяд:
– Ту паридан гир, ман худам онро маҳкам мекунам.
Ватан чист?
Омӯзгор аз талаба мепурсад:
– Канӣ Аслонбек, гап зан, Ватан чист?
Аслонбек дар ҷавоб:
– Ватан – ин дарёву куҳсор…
Омӯзгор:
– Не, Аслонбек, Ватан модари туст. Шин ба ҷоят, баҳоят ду! Баҳром, аз ҷоят хез! Ватан чист?
Баҳром дар ҷавоб:
– Ватан модари Аслонбек аст, муаллима!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ