Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ҷавонӣ

Субҳгоҳон шавҳар ба занаш мегӯяд:

– Ман вақте ришамро мегирам, худро бист сол ҷавонтар ҳис мекунам.

Зан дар ҷавоб мегӯяд:

– Пас, чаро пеш аз хоб ришатро намегирӣ?

Ҳамсояҳо

Зане субҳгоҳон аз ҳамсояаш мепурсад:

– Ҳа Гуландом, бемор шудӣ чӣ?

Гуландом дар ҷавоб:

– Савригул, барои чӣ ман бемор мешудаам?

Савригул мегӯяд:

– Ин саҳарӣ аз хонаат духтур баромада буд.

Гуландом мегӯяд:

– Хайр чӣ? Вақте субҳгоҳон аз хонаи ту полковник мебарояд, ман “ҷанг сар шудааст” гуфта, дар тамоми кӯча доду вой намебардорам ку!

Маслиҳат

Сафармуҳаммад Аюбӣ ба Ашӯр Сафар чунин муроҷиат мекунад:

– Устод, ман бисёр ҷавони зебояму афсӯс, ки қадам паст аст. Чӣ кор кунам, ки баландтар шавам?

– Кафш пӯш!,- маслиҳат медиҳад Ашӯр Сафар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *