Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Беаҳд

— Худи пагоҳ ақди никоҳамонро бекор мекунам,- мегӯяд зан ба шавҳараш.- Бас аст, тоқатам тоқ шуд!

— Боз кори имрӯзаро ба фардо мегузорӣ? Ту доим ҳамин хел ҳастӣ, мегӯиву дар гапат намеистӣ!,- даст меафшонад шавҳар.

Тахаюлоти зан

Мард ба зан мегӯяд:

— Эҳ занҳо, дар ҳақиқат тахаюлоти бой доред. Ҳамин ки мард ягон хушгӯӣ кунад, дарҳол куртаи арӯсӣ, чанд фарзанд, пирии якҷоя дар ангораҳои хаёлатон давр мезанад.

Зан дар ҷавоб:

— Хато мекунед. Дирӯз дӯстдоштаам ҳангоми суҳбат баногоҳ номи духтари шиносашро ба забон овард. Дарҳол хаёлан онҳоро дар сари хиёнат қапида куштам, мурдаашонро пинҳон кардам, баъд ба милиса рафта, ба ҷинояти содиркардаам иқрор шудаму 10 сол зиндонӣ шуда, ба озодӣ баромадам. Ана ин аст тахаюлоти зан!

Посух

— Ман туро дӯст медорам.

— Раҳмат.

— Росташро гӯям, ман аз ту посухи дигарро интизор будам.

— Раҳмати калон?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *