Арманистону Озарбойҷон қаламрави ҳамдигарро ба расмият шинохтанд

Рӯзи панҷшанбе дар Маскав дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва бо иштироки Владимир Путин сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқоту музокирот анҷом доданд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар доданд.

Пас аз нишасти сарони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Путин бо раҳбарони ду кишвар мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод. Онҳо вазъияти байни Арманистону Озарбойҷонро паси дарҳои баста баррасӣ карданд. Дар музокироти сеҷониба, ки тақрибан 20 дақиқа идома кард, Путин гуфт, ки президентҳо тавонистаанд қабл аз оғози расмии музокироти сеҷониба суҳбат кунанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки ягон хуҷҷат имзо нашуда, танҳо баёнот дода нашуд. Аммо “Коммерсантъ” хабар дод, ки ду санад барои имзо омода мешаванд — дар бораи боз кардани иртибототи нақлиётӣ ва баёнияи нави муштараки се кишвар. Дар натиҷа ҷонибҳо танҳо ба мувофиқа расиданд, ки пас аз як ҳафта дар Маскав музокирот миёни муовинони сарвазири се кишвар баргузор мешавад ва онҳо бояд масъалаҳои боқимондаро баррасӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол Президенти Русия зимни мулоқоти сеҷониба гуфт, ки тазодҳои боқимонда хусусияти техникӣ доранд ва таъкид кардааст, ки онҳоро метавон ҳал кард.

Пашинян таъкид кард, ки Арманистон омода аст тамоми долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ ва ҳамчунин иртибототи минтақавиро бо Озарбойҷон боз кунад.

Илҳом Алиев дар навбати худ гуфт, ки «имкони ба даст овардани тавофуқи сулҳи Боку ва Ереван вуҷуд дорад, бахусус бо назардошти он, ки Арманистон Қарабоғро ҷузъи Озарбойҷон эътироф кардааст”. Вай ҳамчунин зикр кард, ки Озарбойҷон алайҳи Арманистон даъвои қаламравӣ надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *