Филми коргардони ҷавони тоҷик ба ду ҷашнвораи синамоӣ роҳ ёфт

Нахустин филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик Ардашер Пайванд бо номи “Зани рӯин” ба барномаҳои озмуни Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Торонто (Toronto International Women Film Festival – Конодо) ва Ҷашнвораи минтақаии “Сinema Love” (Ӯзбекистон) шомил гардидааст. Дар ин бора худи коргардон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки филми мазкур дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Торонто имрӯз намоиш дода мешавад ва дар се бахш вориди рақобат аст.

Ҷашнвораи минтақаии “Cinema Love” бошад, рӯзҳои 6-11-уми июн дар Тошканд сурат гирифта, дар доираи он 9 филми мустанад ва 16 филми ҳунарӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намоиш дода мешаванд.

Ба гуфтаи коргардон, филми мустанади “Зани рӯин” аз ҳаёти зани танҳое қисса мекунад, ки бо фарзанди маъюби гурӯҳи дуюм дар шаҳри Душанбе иҷорашин аст ва бори зиндагиро бар дӯш дорад.

Филми мустанади “Зани рӯин” 19 дақиқа буда, ба гуфтаи муаллиф, он моҳҳои июн-августи соли равон дар шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст.

Наворбардор-таҳиягари филм Наврӯз Саидов, садобардор Ҳомидҷон Ҳомидов, таҳиякунанда Фирдавс Насруллозода ва коргардони садо Хуршед Нуров мебошанд.

Бояд гуфт, филми мустанади “Зани рӯин” моҳи сентябри гузашта дар Ҷашнвораи минтақаии «MediaCAMP», ки дар шаҳри Олмотии Қазоқистон сурат гирифт, намоиш дода шуд.

Ҳамзамон, дар доираи Ҷашнвораи ҳуқуқи инсон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар як доираи маҳдуд ба намоиш гузошта шуда буд.

Гуфтанист, филм рӯзи 9-уми декабри соли 2022 дар кинотетатри ба номи Тоҳир Собиров дар Душанбе намоиш дода шуд.

Филми “Зани рӯин” нахустин кори синамоии Ардашер Пайванд аст. Номбурда хатмкардаи «Мактаби мустанадсозӣ» аст, ки тайи моҳҳои феврал-майи соли 2022 дар Душанбе ҷавонони моил ба филмсозиро донишҳои синамоӣ омӯзонид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *