Аз таҳти дил бихандед!
Чашму дандон
Шахсе ба дӯсташ гуфт:
– Маро чашм дард мекунад, тадбир чӣ бошад?
Гуфт:
– Маро порсол дандон дард мекард, кандам.
Дасти бақувват
Зан духтарашро дуои бад карда, мегуфт:
– Оҳ, сари сахтам! Ҳама дугонаҳои ман кайҳо бибӣ шудаанду…
– Хайр?
– Хайр-хайр! О ту кай ба шавҳар мебароӣ?
– Ҳеҷ гоҳ!
– Барои чӣ?
– Чунки ба мисли шумо дастони бақувват надорам.
– О, ба ин дасти бақувват чӣ дахл дорад?
– Дорад. Агар не, ман ба монанди шумо ду халтаи пурборро чӣ хел аз мағозаву бозорҳо кашида меорам?
Пултақсимкунӣ
Дар таваллудхона ҳамшираи шафқат аз ҳамкораш мепурсад:
– Ин садои баланди доду фиғони ҳамон чоргонаи дирӯз ба дунё омада аст?
– Не, ин падари онҳост, ки аз дасти пултақсимкунӣ дод мегӯяд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ