Аз таҳти дил бихандед!
Савол
Харидоре ба асабҳои қассоб расиданӣ шуда, мегӯяд:
– Ин гӯшт ҳангоми зинда буданаш “мияв” мегуфт ё “ҳаф-ҳаф”?
Қассоб дар ҷавоб:
– Ин гӯшт ҳангоми зинда буданаш саволҳои ҳархела медод.
Музди меҳнат
– Агар ба ҳисоби миёна гирем, музди меҳнат дар Тоҷикистон 500 сомонӣ аст,- мегӯяд марде ба рафиқаш.
– Ин ҳисоби миёнаро чӣ гуна муайян мекунанд?,- савол медиҳад рафиқаш.
Мард дар ҷавоб:
– Мушкил нест, роҳбар гӯшт мехӯрад, ман пиёз. Яъне, мо дар якҷоягӣ манту мехӯрем.
Тасодуф
Суҳроб аз Мурод мепурсад:
– Мурод, ту бо занат чӣ хел шинос шудӣ?
Мурод дар ҷавоб:
– Тасодуфан… касеро гунаҳкор карда наметавонам.
Боварӣ
Аз оқиле пурсиданд:
– Ба кадом тоифаи занҳо бовар кардан мумкин аст: зардинамӯй, сиёҳмӯй ё малламӯй?
Оқил гуфтааст:
– Ҳатто ба зани сарсафед бовар кунед, вале ба мард, ҳатто марди кал бовар накунед!
Иштибоҳ
Марде шабона ба хона дер омада, хомӯшона либосашро кашида, ба ҷойгаҳ медарояд.
– Боз нӯшидӣ?,- мегӯяд зан.
Мард ҳайрон шуда:
– Аз куҷо фаҳмидӣ?
Зан мегӯяд:
– Ту боз дари хонаатро ғалат кардӣ, хонаи ту аз тарафи дасти чап аст.
Толеъ
Ҷавоне бо духтари дӯстдоштааш ҳамоғӯш хобанд. Ҷавон мегӯяд:
– Ту беҳтаринӣ! Кадом батолеъ туро ба занӣ мегирифта бошад?
Духтар мегӯяд:
– Шояд ту?
Ҷавон мегӯяд:
– Не, ман толеъ надорам…
Маслиҳат
Шавҳар завҷаашро бо халтаҳои пурбор дида, мегӯяд:
– Занак, дар синну соли ту бори вазнин кашидан мумкин нест.
Зан мепурсад:
– Пас чӣ кор кунем?
Шавҳар мегӯяд:
– Беҳтараш се бор ба бозор рав.
Асал
Рӯзе хирс 2 кило асалро дар зери хок пинҳон карда, дар қоғаз чунин менависад:
– Дар ин ҷо асал-пасал нест!
Харгӯши зираке омада, асалро мехӯраду навиштаҷоти қоғазро иваз мекунад:
– Ин асалро харгӯш-паргӯш нахӯрдааст!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ